
- rceeca.tj
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, шуморо дар ин чорабинӣ хайрамақдам мегӯям.
Обшавии пиряхҳо яке аз нишондиҳандаҳои асосии арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба манбаъҳои захираҳои об мебошад.

- rceeca.tj
Марказ санаи 18 январи соли 2022 дар ш. Душанбе дар доираи лоиҳаи БРСММ/ФГЭ “Нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори экосистемаҳои Помиру Олой ва Тиёншон барои ҳифзи бабри барфӣ ва некуаҳволии ҷомеа” дар мавзӯи “Масъалаҳои ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон: дастовардҳои асосӣ ва вазифаҳои минбаъда” бо иштироки коршиносону олимони соҳа (зиёда аз 30 нафар) семинар баргузор намуд.

- rceeca.tj
Марказ санаи 23 августи соли 2022 дар доираи татбиқи лоиҳаи БРСММ/ФГЭ “Нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори экосистемаҳои Помиру Олой ва Тиёншон барои ҳифзи бабри барфӣ ва некуаҳволии ҷомеа” дар мавзӯи «Экосистемаҳои кӯҳӣ, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва ҷангалҳо» конференсияи илмӣ баргузор намуд.

- rceeca.tj
Марказ дар доираи иҷрои нақшаи баргузор намудани конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ 30 ноябри соли 2022 Конференсияи илмии байналмилалии “Масъалаҳои нигоҳдории пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ”-ро баргузор намуд. Дар кори конференсия 50 нафар олимон ва коршиносон аз муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои Хитой, Академияи илмҳои Руссия ва донишгоҳҳо тариқи бевосита ва маҷозӣ иштирок намуданд.