Пойгоҳи Лучоб. Майдончаи тачрибавӣ дар  доманаи нишебии ҷанубии қаторкӯҳӣ Хисор, дар нишебии рости ҳавзаи дарьёи Лучоб ҷойгир аст. Иқлими ин мавзеъ ба иқлими шаҳри Душанбе наздик аст. Боришоти солона ба ҳисоби миёна 650 мм аст.

  Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво 14.3°C мебошад. Хоки қитъаи таҷрибавӣ – таркиби кӯҳии қаҳваранги карбонатӣ дошта дар қабати болоии он миқдори гумус ба 2.5% баробар аст. Набототи мавзеро ҷамоаи нимсаваннаҳои сералаф, ҷав-ришдор (Hordeum bulbosum, Botriochloa ischaemum) ташкил медиҳад.

 

TPL_BACKTOTOP