Марказ санаи 18 январи соли 2022 дар ш. Душанбе дар доираи лоиҳаи БРСММ/ФГЭ “Нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори экосистемаҳои Помиру Олой ва Тиёншон барои ҳифзи бабри барфӣ ва некуаҳволии ҷомеа” дар мавзӯи “Масъалаҳои ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон: дастовардҳои асосӣ ва вазифаҳои минбаъда” бо иштироки коршиносону олимони соҳа (зиёда аз 30 нафар) семинар баргузор намуд.
Дар семинар маърӯзаҳо оид ба ҳифзи экосистемаҳои барфи барфӣ, методикаи мониторинги популятсияи бабри барфӣ, арзёбии вазъи популятсияи туъмаи асосии бабри барфӣ, истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин барои мониторинг ва таҳқиқоти комплексии экосистемаҳои табиӣ, таҳлили санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва ғ. муаррифӣ ва муҳокима карда шуданд.