Пойгоҳи Табақчӣ дар нишебии шимолу ғарбии қаторкӯҳҳои Терекитау, дар мавзеи Табақчӣ, 20 км шарқтари шаҳри Бохтар ҷойгир аст. Майдони таҷрибавӣ дар нишебии самти шимолӣ дошта (10-15o) ҷойгир мебошад. Хокаш хокистарранг буда, миқдори гумус 1,0—1,2%-ро ташкил медиҳад, ва микдори максималии гумус дар қабати болои хок ҷамъ шудааст. Иқлими мавзеъ гарм ва хушк буда, ҳарорати миёнаи солона ба 15–16ºС баробар аст ва тибқи маълумоти пойгоҳи гидрометеорологии (ПГМ) Бохтар боришоти миёнаи солона 294 мм буда, сол то сол хеле тағйир меёбад.

  Зиёда аз 70 фоизи боришоти солона дар фасли сармо рост меояд. Набототи ин мавзеъ ба навъи нимсаваннаҳои кутоҳсаванна тааллуқ дорад, ки асосан эфемерӣ-кабуди алафҳои калон - фломиси Бухоро (Carex pachystilis, Poa bulbosa, Phlomis bucharica) ташкил медиҳад. Инкишофи растаниҳо одатан пас аз боришот дар моҳҳои ноябр, декабр ё дертар оғоз ёфта, аз сабаби зимистони гарм ва камбарф будан дар тамоми давраи зимистон идома меёбад.

TPL_BACKTOTOP