Марказ санаи 23 августи соли 2022 дар доираи татбиқи лоиҳаи БРСММ/ФГЭ “Нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори экосистемаҳои Помиру Олой ва Тиёншон барои ҳифзи бабри барфӣ ва некуаҳволии ҷомеа” дар мавзӯи «Экосистемаҳои кӯҳӣ, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва ҷангалҳо» конференсияи илмӣ баргузор намуд.

  Дар ҷаласаи пленарии конференсия маърӯзаҳо - презентатсияҳо оид ба методикаи мониторинги популятсияи барси барфӣ, арзёбии популятсияи  туъмаи асосии бабри барфӣ, истифодаи устувори экосистемаҳои ҷангалзори кӯҳӣ бо назардошти нигоҳ доштани популятсияи бабри барфӣ баррасӣ ва муҳокима карда шуданд. Чор презентатсия ба масъалаҳои истифодаи устувори чарогоҳҳои баландкӯҳ дар макони зисти бабри барфӣ, ҳолати кунунии чарогоҳҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин усулҳои инноватсионии барқарорсозӣ ва идоракунии чарогоҳҳо бахшида шуда буд. Ғайр аз ин, дар кори конференсия як маърӯза оид ба "Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар мониторинг ва таҳқиқоти комплексии экосистемаҳои табиии баландкӯҳ" баррасӣ карда шуд.

  Дар раванди кори конференсия иштирокчиён бо дастовардҳои асосии дар натиҷаи татбиқ ва иҷрои лоиҳаи БРСММ/ФГЭ  ба даст овардашуда, бо усулҳои муосири мониторинги бабри барфӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ дар маҷмӯъ,  арзёбии ҳолати популятсияи туъмаи асосии бабри барфӣ шинос шуданд. Онҳо инчунин бо усулҳои муосири мониторинги экосистема бо истифода аз ҳавпаймоҳои бесарнишин, истифодаи устувори чарогоҳҳо ва заминҳои ҳудуди ҷангалзор дар мавзеи популятсияи бабри барфӣ шинос шуданд.

  Дар доираи лоиҳаи мазкур ҳамчунин дар ноҳияҳои Айнӣ, Ҳисор, Варзоб ва Ваҳдат аз ҷониби коршиносон 5 семинари омӯзишӣ доир карда шуд.

                                 

                                    

                                     

TPL_BACKTOTOP