ОЗМОИШГОҲИ ЭКОЛОГИЯ ВА МУҲИТИ ЗИСТ
Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ:
- мониторинги муҳити зист,
- таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист ва экосистемаҳо,
- таъсири антропогенӣ ба муҳити зист,
- мониторинги захираҳои обӣ ва пиряхҳо,
- мониторинги таъсири равандҳои техногенӣ ба муҳити зист.
Озмоишгоҳ бо асбоб ва таҷҳизоти муосири илмӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
ОЗМОИШГОҲИ ГЕОЛОГИЯ ВА ЗАХИРАҲОИ МИНЕРАЛӢ
Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ:
- омӯзиши сохти геологӣ ва канданиҳои фоиданокӣ Тоҷикистон,
- таҳқиқи равандҳои тектоникӣ ва таъсири он ба тағирёбии иқлим дар таърихи кайнозойи рушди минтақаи Осиёи Марказӣ,
- таҳқиқи комплексии ҷинсҳои кӯҳии таҳшинии мезозою кайнозои Тоҷикистон ва аҳамияти онҳо барои арзёбии шароити палеогеографӣ ва иқлимӣ давраҳои гузаштаи геологӣ,
- таҳқиқи петрологӣ ва изотопӣ-геохимиявии серияҳои магматикӣ ва метаморфикии Помиру Тиён-Шон,
- омӯзиши равандҳои муосири экзогении геологӣ ва баҳодиҳии хатари офатҳои табиии бо онҳо алақамандӣ ҳудуди Точикистон,
- гузаронидани таҳқиқотҳои геоэкологӣ дар минтақаҳои ҷойгиршавии корхонаҳои саноати кӯҳӣ ва таъсири техногении онҳо ба муҳити зист ва ғ.
Озмоишгоҳ бо асбоб ва таҷҳизоти муосири илмӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
ОЗМОИШГОҲИ МУШТАРАКИ ХИТОЮ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ БИОЛОГӢ
Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ:
- таҳқиқи гуногунии биологӣ,
- арзёбии ҳолати захираҳои биологӣ,
- таҳқиқи растаниҳои шифобахш,
- систематика, биогеография ва таҳовули намудҳои минтақаҳои хушк,
- муайян намудан ва татбиқи генҳои ба шароити стресс мутобиқшуда,
- аз нав баҳисобгирии (инветаризатсияи) гуногунии биологӣ,
- аз нав барқароркунии экосистемаҳои таназзулёфта ва ғ.