
- rceeca.tj
Дар китоби мазкур оид ба пайдоиш, таърихи омӯзиш, тавсифи табиӣ-географӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ ва баҳодиҳии хавфи сейсмикии кӯли Сарез ва тавсияҳо оид ба омӯзиш ва мониторинги ояндаи ин кӯл маълумоти илмӣ гирд оварда шудааст. Маълумоти китоб ҳолати кунунии кӯли Сарезро тавсиф менамоянд. Асар барои мутахассисони соҳаи гидрология, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ, сейсмология, география, экология ва доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.

- rceeca.tj
Китоб, ки дар асоси таҳлил ва коркарди иттилооти азим доир ба захоири обии Тоҷикистон - обҳои равон, кӯлу обанборҳо ва пиряхҳо, инчунин натиҷагирии таҳқиқи олимони соҳаҳои мухталифи Академияи илмҳо таҳия шудааст, маълумоти умумии тозаеро таҷассум мекунад.
Китоб дар баробари қимати илмӣ доштан дорои хусусиятҳои маълумотномавӣ ва илмӣ-оммавӣ буда, барои донишҷӯён, аспирантону унвонҷӯён ва доираи васеи мутахассисон пешкаш карда мешавад.