Пойгоҳи Балхӣ. Майдончаи таҷрибавӣ дар нишебии шимолу шарқии пуштаи Сарсарёк, дар наздикии деҳаи Балхии ноҳияи Данғара вокеъ аст. Иқлими минтақа ба қадри кофӣ намнок нест, он ба минтақаи субтропикҳои хушки континенталӣ тааллуқ дорад, ки тобистони хеле гарм ва зимистони мулоим дорад. Ҳарорати миёнаи солона ба 14.8°C баробар аст. Миқдори солонаи боришот ба ҳисоби миёна 528 мм (ПГМ Данғара) мебошад.

Дар ин ҷо аксаран боришот ба моҳҳои март-апрел рост меояд ва дар моҳҳои июл-сентябр тамоман боришот нест. Хокҳои мавзеъ то баландии 1500 м хокҳои хокистарранг буда, қабати болои хоки онро хоки карбонатии қаҳваранг ташкил кардааст. Хоки майдончаи таҷрибавӣ хокистарранги  тира мебошад ва дар ҳамвори нишебии шимолии пуштаи Сарсарёк паҳн шудааст. Миқдори гумус дар қабати болоии хок аз 1.5 то 2.7 % ва дар мавзеҳои намнок ва шурзамин бошад миқдори гумус то 2.0-6.0 % зиёд мешавад. Набототи минтақаро ҷамоаи эфемерӣ, эфемерӣ-эгилопҳо (Aegilops triuncialis, Avena trichophilla, Taeniatherum asperum) таҳкил медиҳад.

TPL_BACKTOTOP