
- rceeca.tj
29 майи соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи “Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо” чорабинии канории илмӣ «Пиряхҳо ва Илм» баргузор гардид. Он бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой дар ҳамкорӣ бо Марказӣ илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе), Маркази тадқиқоти пиряхҳо ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шуд.

- rceeca.tj
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 20 соли охир таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои марбут ба об ва муҳиммияти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ҷалб намудааст, ки ба рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд.

- rceeca.tj
Санаи 9-10 октябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Конференсияи илмии байналмилалии таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи устувори захираҳои обии Осиёи Марказӣ» бахшида ба «Соли 2025 – соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад, даъват менамоем.

- rceeca.tj
Бо мақсади иҷрои банди 1 Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ барои соли 2024, ки бо Қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон №3 аз 05 январи соли 2024 тасдиқ шудааст, 10 декабри соли 2024 дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) дар мавзуи «Технология ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар таҳқиқотҳои илмию амалӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.