Марказ дорои 3 пойгоҳи метеорологӣ мебошад, ки дар минтақаҳои гуногуни табиии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд ва дар реҷаи онлайн маълумотҳоро оид ба нишондиҳандаҳои иқлим: ҳарорати ҳаво, намнокии нисбӣ, рутубати ҳаво, боришот, самт ва ҳаракати шамол, ҳараорати хок, радиатсияи офтобӣ, давомнокии нури офтоб ва ғ. ба қайд мегиранд.

  • Пойгоҳи метеорологии “Кондара” дар дараи Варзоб дар масофаи 30 км дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе дар мавзеи Кондара дар баландии 1215 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.
  • Пойгоҳи метеорологии “Данғара” дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар минтақаи даштии наздикӯҳӣ дар баландии 710 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.
  • Пойгоҳи метеорологии “Ҷелондӣ” дар ҳудуди ноҳияи Шуғнонӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистонӣ Бадахшон дар масофаи 125 км дар қисмати шарқии шаҳри Хоруғ дар минтақаи баландкӯҳ дар баландии 3570 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.

Пойгоҳҳои метеорологии “Кондара”

дар минтақаи чангазори кӯҳӣ, дар масофаи 30 км шимолтар аз Душанбе, дар баландии 1215 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Пойгоҳҳои метеорологии “Данғара”

дар минтақаи дашткӯҳ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар баландии 710 м аз сатҳи баҳр ҷойгир
мебошад.

Пойгоҳҳои метеорологии “Ҷелонди”

дар н. Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар минтақаи баландкӯҳ дар баландии 3570 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.

TPL_BACKTOTOP