Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) тибқи Созишнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой, ки 13 сентябри соли 2014 ба имзо расидааст, таъсис дода шудааст ва расман аз 1 апрели соли 2017 ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ шурӯъ намуд.

  Ҳадафи асосии Марказ мусоидат намудан ба таҳқиқот дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист, гузаронидани таҳқиқотҳои бунёдӣ ва илмӣ амалӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ тавассути таҳсил дар магистратура, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзии мақсаднок ба шумор меравад.

  Марказ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой корҳои илмӣ-таҳқиқотиро  амалӣ менамояд.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ МАРКАЗ

 Гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва илмӣ-амалӣ дар соҳаи:

  • экология ва ҳифзи муҳити зист,
  • гуногунии биологӣ ва захираҳои табиӣ,
  • геология ва захираҳои минералӣ,
  • глятсиология, гидрология ва метеорология;
  • мониторинги хатари офатҳои табиӣ,
  • таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳо,
  • мониторинги зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ;
  • татбиқи усулҳои муосири зондкунии фосилавии Замин, ГИС-технология ва ҳавопаймоҳои бесарнишин дар таҳқиқоти илмӣ,
  • татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ,
  • ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионнӣ ва таҷҳизоти муосир дар таҳқиқотти илмӣ.

                     

                       

TPL_BACKTOTOP