- rceeca.tj
- rceeca.tj
Имрӯз, 27 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо муовини директори генералии Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Хушэнг Сю баргузор гардид.
- rceeca.tj
10 октябри соли 2026 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин конфронси ҷамъбасти натиҷаҳои Экспедитсияи сеюми комплексии илмӣ-тадқиқотӣ дар Шинҷон баргузор гардид. Дар чорабинӣ ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ва дигар олимону муҳаққиқон иштирок намуданд.
- rceeca.tj
Аз 28 сентябр то 4 октябри соли 2026 олимону мутахассисони Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади идомаи мониторинги пиряхҳои қаторкӯҳи Пётри Якум дар ноҳияҳои Лахш ва Тоҷикобод корҳои саҳроӣ анҷом доданд. Дар доираи экспедитсия ҳолати кунунӣ ва хусусиятҳои сатҳии пиряхҳои Саид Нафисӣ дар ноҳияи Лахш ва Деҳдал дар ноҳияи Тоҷикобод бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин (ҲБС) таҳқиқ карда шуданд.