29 майи соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи “Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо” чорабинии канории илмӣ «Пиряхҳо ва Илм» баргузор гардид. Он бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой дар ҳамкорӣ бо Марказӣ илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе), Маркази тадқиқоти пиряхҳо ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ ҳамдиректори Марказӣ илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе), узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов баромад карда, таъкид намуд, ки пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бебаҳои оби тоза, балки муҳимтарин танзимгари захираҳои об ва иқлими Осиёи Марказӣ мебошанд. Вай зарурати андешидани тадбирҳои таъҷилӣ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи илмӣ, ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дар маҷмӯъ ҷомеаро барои ҳифзи пиряхҳо қайд кард.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Амонзода Илҳом Темур зимни суханронии худ қайд намуд, ки чорабинии канории «Пиряхҳо ва илм» дар доираи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо рӯйдоди муҳимми илмӣ мебошад. Вай таъкид кард, ки тағирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо мегардад, ки ба режими гидрологии дарёҳо ва экосистемаҳои минтақаҳои баландкӯҳ таъсир мерасонад. Идоракунии устувори об тадқиқоти ҳамаҷониба, моделсозӣ ва пешгӯии равандҳои таназзули пиряхҳоро талаб мекунад.
Муовини директори генералии Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой, профессор Дуан Вейли дар суханронии худ қайд кард, ки пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини беш аз 70 миллион нафар аҳолӣ бо об нақши калидӣ доранд. Обшавии босуръати онҳо метавонад боиси норасоии шадиди об ва оқибатҳои ҷиддии экологӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ гардад. Вай зарурати таҳқиқоти амиқи илмӣ, инчунин таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ва рушди устуворро таъкид кард.
Дар ин чорабинӣ олимон ва мутахассисони соҳаи пиряхшиносӣ, экология ва география, муассисаҳои тахассусии илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон, Хитой ва Қирғизистон оид ба таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо гузоришҳо пешниҳод карданд. Иштирокчиён оид ба самтҳои калидии таҳқиқоти пиряхҳо ибрози ақида намуданд. Дар пайи муҳокимаҳо қарор қабул карда шуд, ки таҳқиқоти пиряхҳо бояд дар сатҳи зарурӣ ва ҳамкории зичи байналмилалӣ анҷом дода шавад.