Бо мақсади иҷрои  банди 1 Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ барои соли 2024, ки бо Қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон №3 аз 05 январи соли 2024 тасдиқ шудааст, 10 декабри соли 2024 дар  Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) дар мавзуи «Технология ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар таҳқиқотҳои илмию  амалӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

  Дар кори конференсияи мазкур беш аз 50 нафар олимон ва муҳандисони соҳаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва инчунин, олимону коршиносон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат варзиданд.

  Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ маърузаи ифтитоҳиро ироа намуда, ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшид. Баъдан, Директори генералии Маркази тадқиқотии танзим ва татбиқи ҳавопаймоҳои бесарнишин Академияи илмҳои Хитой, профессор Лиа Шохан  ва Муовини директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказии Академияи илмҳои Хитой профессор Ли Яоминг суханронӣ намуданд.

  Дар ҷаласаи пленарии конференсия маърўзаҳои илмӣ, дар мавзуъҳои « WOSHARK - Дрон барои дарки зуди дурдаст» (Профессор LIAO Xiaohan, Институти илмҳои ҷуғрофӣ ва тадқиқоти захираҳои табиӣ, Академияи илмҳои Хитой), «Тадқиқотҳои моделсозии муштараки сеченакаи бесарнишин)» (Проф. ZHOU Qiming, HKSU Институти тадқиқоти Шенҷен ва таҳсилоти давомдор), « Таҳия ва татбиқи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Донишкадаи экология ва географияи Синзян» (Муҳандис ZHANG Junjian, Институти экология ва геогафияи  Синзян, Академияи илмхои Хитой), «Истифодаи дронҳо дар мониторинги офатҳои кишоварзӣ ва мубориза бо ҳашароти зараррасон» (дотсент QIAN Jing, Институти технологияи пешқадами Шенчэн, Академияи илмҳои Хитой) ва дигар олимҳои соҳаҳои мазкур маърузаҳошон шунида шуд.

 Кори конференсия бахшҳои гуногунро дар баргирифта оиди таҳия ва татбиқи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар соҳаи кишоварзӣ, офатҳои табиӣ, мубориза бо ҳашаротҳо ва таҳқиқотҳои илмӣ барраси шуда олимони соҳа фикру андешаҳои илмии худро доир ба беҳтарсозии соҳаи мазкур маърузаҳо намуданд.

 

TPL_BACKTOTOP