
- rceeca.tj
Дар замони муосир тамаддуни башарӣ ба масъалаҳои глобалии экологӣ дучор гардидаанд, ки экологиякунонии низоми маориф дар ҳаама сатҳҳо бояд ба ташаккули донишу таҷриба барои расидан ба рушди устувор зарур, мусоидат намояд. Дар мақола ҳолат ва чораҳо оид ба пешбурди маърифати экологӣ барои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд.

- rceeca.tj
Дар мақола таҳлил ва баррасии хусусиятҳои мониторинги оперативӣ ва харитасозӣ дар системаи умумии идоракунии хатари офатҳои табиӣ бо истифода аз усулҳои зондкунии фосилавии Замин (ЗФЗ) оварда шудааст. Дар шароити дастнорасии манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон истифодаи ЗФЗ хусусияти мубрамият ва серталабро дар бар мегирад.

- rceeca.tj
Дар мақола имкони пайдоиши навсозии экологии муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа дар ҳудуди як камарбанд - як роҳ баррасӣ шудааст.
Таҷрибаи рушди соҳибкории экологӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳлил карда шуда, зарурияти таҳияи доктринаи экологии соҳибкорӣ дар доираи ҳамгироии “як камарбанд - як роҳ” асоснок карда шудааст.

- rceeca.tj
Дар мақола хусусиятҳои ҷуғрофии реҷаи маҷрои ҳавзаи дарёи Варзоб, мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии ҳавза, инчунин захираҳои рекреатсионии он омӯхта шудааст. Дар асоси таҳқиқоти таҷрибавӣ (мушоҳида, муқоиса, ченкунӣ) ва таҳқиқоти назариявӣ мо рӯйхати чорабиниҳоро оид ба ҳалли масъалаҳои обу экологии қаламрави ҳавза таҳия намудем.