Аз суханрониҳо ва Паёмҳои дар солҳои охир ироашудаи Сарвари Давлат бармеояд, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармшавии ҳарорати сайёра ва паёмадҳои манфии он ва соири офатҳои табиии солҳои охирро аз мушкилоти дараҷаи аввал эълон намуданд ва онҳоро муассиртарин омилҳо дар бад шудани вазъи муҳити зисти инсоният муаррифӣ намуда, изҳори нигаронӣ аз вазниншавии таъминот бо маводди ғизоӣ ва махсусан, оби босифати нӯшокӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон менамоянд. Алалхусус, дар Паёми охир ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки “аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам намудани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем”.

  Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами экологӣ ва ҳифзи муҳити зист нақши муассир дорад. Далели ин гуфтаҳо ташаббусҳои наҷиб ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳаллу фасли проблемаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар миқёси кураи Замин ба шумор мераванд, ки аз минбарҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид масъалагузорӣ гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ якдилона ҷонибдорӣ ёфтааст.

  Ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии оби тоза эълон доштани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт барои солҳои 2005-2015”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” бомуваффақият амалӣ гардида, дар ҳаллу фасли истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар сайёра нақши муҳим бозиданд. Пазируфтани ташаббуси навбатии Президенти кишвар оид ба эълони соли 2025 – “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бори дигар исботи он аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ҳалли ин масъалаи барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мубрам сиёсати пайгирона ва дурандешонаро роҳандозӣ менамояд.

  Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор дорои захираҳои бойи обӣ буда, қариб 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Ва манбаи асосии ин обҳоро захираҳои пиряхии минтақа, ки зиёда аз 60% онҳо дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад, ташкил медиҳанд. Дар баробари обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйирёбии иқлим, инчунин дигар омилҳои фавқулодаи гидро ва метерологӣ, ба мисли сел, обхезӣ, хушксолӣ, ярч ва фаромадани тарма ва таъсири онҳо на танҳо ба иқтисодиёт ва муҳити зисти Тоҷикистон хеле калон аст, балки ҳамчун таҳдиду хатари бузург ба ҳаёт ва накӯаҳволии одамон низ арзёбӣ мегардад.

  Бинобар ин, Тоҷикистон чун кишвари аз ҷиҳати географӣ кӯҳсор, аз нигоҳи ҷойгиршавии захироти глятсиологию гидроэнергетикӣ бой ва аз нуқтаи назари таъсири хатароти экологӣ осебпазир наметавонад аз ин мушкилот дар канор бошад. Зеро марзи Тоҷикистон релефи зинамонанд ва водиҳои тангу чуқурро дарбар гирифта, 93%-и қаламрави онро кӯҳҳо ишғол менамоянд ва 80%-и ҳудудаш дар минтақаҳои осебпазир воқеъ гардидааст.

  Ҳамзамон маврид ба тазаккур аст, ки Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонист, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ низ саҳми назаррас гузорад. Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст.

  Бо дарназардошти зикри масоили боло таи зиёда аз ду даҳсолаи охир аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои марбут ба об, иқлим, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва экология иқдому ташаббусҳои беназир дар сатҳи минтақавӣ ва глобалӣ пешниҳод гардидаанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардидаанд.

- Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 - Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд ва 29 август - 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

- Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард.

- Пешниҳод оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез.

- Ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми Ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август - 4 сентябри 2009 дар ш. Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген 7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардида буд.

- Эълон намудани соли 2013 - Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри 2010). Тибқи ташаббуси мазкур 20-21 августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ш. Душанбе баргузор гардид. Дар натиҷа як қатор санадҳои ниҳоӣ қабул шуданд:

- Эъломияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об;

- Барномаи амали Конфронси Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об;

- Натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об.

- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи Умумии СММ бо ҳаммуаллифи 177 кишвари аъзои ин созмон қабул гардид.

  Ҳамзамон, санаи 3 марти соли 2021 зимни мулоқот дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки соли 2025 - “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. 4-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни  баргузории иҷлосияи 77-ум Қатъномаи “2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфт.

  Пешниҳодоти ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

– Эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

  Лозим ба зикр аст, ки бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти иқтисодии замони муосир ва мушкилоти демографӣ, ба илова тағйирёбии бесобиқаи иқлим дар сайёра ва оқибатҳои ногувори он барои кулли инсоният ҳар фарди соҳибтафаккурро водор месозад, то барои ба эътидол овардани вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва беҳсозии аҳволи мардум пешниҳодҳои муфид манзур намояд. Хушбахтона, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт яке аз пешсафону пешкорон маҳсуб ёфта, оид ба масоили равандҳои тағйирёбии иқлим андешаҳои ҷолиби илмиву таҳлилӣ пешниҳод намуда, ҷомеаи башариро водор менамояд, то саҳми худро дар мубориза барои зиндагии солим дар сайёра мунсифона гузоранд.

Маҷид Гулаёзов

номзади илмҳои географӣ,

директори иҷроияи Маркази

илмӣ-таҳқиқотии экология

ва муҳити зисти Осиёи Марказии АМИТ

TPL_BACKTOTOP