Дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел ба инфрасохтор ва ҳаёти одамон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Шиддатнокии ин офатҳои табиӣ дар солҳои охир афзоиш ёфта, мониторинг ва стратегияҳои самараноки идоракуниро тақозо мекунанд. Айни замон ҳавопаймоҳои бесарнишин барои харитасозӣ ва таҳқиқи офатҳои табиӣ ба як асбоби зарурӣ табдил ёфтаанд.

  Ҳадафи асосии ин пажӯҳиш таҳлили падидаҳои хатарноки табиат ва харитасозии онҳо, бахусус, селҳо дар минтақаи кӯҳистонӣ ва доманакӯҳҳои Тоҷикистон дар солҳои 2020-2023 мебошад. Татбиқи мониторинг ва омӯзиши ин минтақаҳо бо истифода аз ҳавопаймои бесаршинини QC-2 Micro бо давомнокии парвоз зиёда аз 1 соат, бо камераи Sony RX1R муҷаҳазшуда ва квадрокоптери DJI Phantom 4 дар ноҳияҳои Хуросон ва Вахши вилояти Хатлон, шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, инчунин дар Тоҷикобод, Лахш ва Варзоби ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сурат гирифт. Натиҷаҳои бадастомада имкон медиҳанд, ки тасдиқ кунем, ки сел аз офатҳои харобиовартарини табиӣ буда, ҳисороти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ мерасонад ва мутаассифона, боиси талафоти одамон мегардад. Муайян карда шудааст, ки дар солҳои 2020-2023 дар 49 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми ҳисорот ҳудуди 30,2 миллион долларро ташкил додааст. Харитасозӣ ва мониторинг бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин метавонад маълумотро барои таҳлили ҳисорот, муайян кардани минтақаҳои осебпазир ва кӯмак дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, инчунин таҳияи чораҳо оид ба рафъ ё пешгирии хатарҳо таъмин намояд. Ҳамин тариқ, дар омузиши ходисаҳои хавфноки минтақаи кӯҳсору доманакӯҳи Точикистон истифода бурдани технология ва воситахои техникии хозиразамон вазифаи таъхирнопазир мебошад.

Мақоларо муфассалтар дар шакли pdf хонед... 

TPL_BACKTOTOP