Помир аз ганҷинаҳои  зеризаминӣ басо бой мебошад. Ин ҷо сарватҳои металлӣ, ғайриметаллӣ, сангҳои ороишию рӯйбаст, масолеҳи сохтмон ва ғайра вобаста ба сохт ва таърихи тараққиёти геологию палеогеографӣ дар музофоту ноҳияҳои табиию географӣ ба андозаи гуногун паҳн шудаанд.

  Дар Помир аз сарватҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ ду кони ангиштсанг - Куртек ва Равнов кашф карда шудааст. Кони Куртек 38 км дар самти ҷанубу шарқии маркази ноҳияи Мурғоб ҷойгир шудааст.

Ин кон дар баландии мутлақи 4500-5000 м. дар байни қабатҳои регсангҳои юраи поён ҷойгир шуда, аз як қабат иборат мебошад ва аз 0,52 то 12, 1 м ғафсӣ дорад. Захираи саноатии он ба 5,9 млн.т мерасад, барои корҳои хоҷагӣ чун сӯзишворӣ истифода шуда метавонад.

  Кони Равнов дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз, 45 км шарқтари шаҳраки Тавилдара ҷойгир аст. Кон дар байни таҳшониҳои давраи юра ҷойгир шуда, аз се қитъа: Равноб, Ҷанубу Ғарбӣ ва Шарқӣ иборат аст. Ғафсии қабатҳои ангиштдор аз якчанд сантиметр то ба се (3) м мерасад, ғафсии умумии қабатҳо ба 13,7 м баробар аст, Захираи пешгӯишуда ба 160 млн. т. баробар аст. Ангишт чун сӯзишворӣ истифода шуда метавонад.

  Дар ноҳияи Мурғоб панҷ қитъаи торф ошкор шудааст: Шаймак, Ҷамантал, Аличур, Булункӯл ва Саук. Ғафсии қабатҳои торфӣ дар ҳама қитъаҳо ба ҳисоби миёна 0,7 метрро ташкил медиҳад.

  Қобилияти гармиофарии ин конҳо ба 2117 ккал/кг баробар аст. Аз он ки дар Помир дигар манбаъҳои хуби сӯзишворӣ нест, истифодаи ин манбаи сӯзишвориро ба роҳ мондан лозим меояд.

  Аз металлҳои сиёҳ дар Помир зуҳури оҳан (магнетит) дар Охбайтал, Шимолӣ, Жарфи Боло ва ғайра ошкор шудааст, маъдансанги гематит дар Ган, Гармчашма-Сунгат, Қароҷилға ва ғайра зуҳур ёфтаанд. Аз ҷиҳати захираи калон надоштанашон аҳамияти саноатӣ надоранд.

  Дар ҳудуди Помир аз металлҳои ранга қалъагӣ, сурб, руҳ, мис, висмут ва алюминий ошкор шудааст. Аҳамияти саноатии конҳои сурбу руҳ ошкор нагардидааст.

  Дар сарзамини Помир як кони мис дар Ширгтугак ва ҷойҳои маъдан зуҳурёфта маълум аст. Кони Ширгтугак дар шимолии шаҳраки Қалъаихумб воқеъ аст ва аз 8 мавзеи маъдандор иборат буда, дар маъдан 0,3% мис мавҷуд мебошад.

  Маъдани зоҳиргардидаи висмут дар Аилутек 0,15-0,2%,  маъдансанги Охҷилға то 1%, Танимас то 0,3% ва ғайра висмут доранд.

  Қалъагӣ дуюмин металлест, ки инсоният онро хеле барвақт ба мис ҳамроҳ намуда, аз он биринҷӣ ҳосил карда, дар корҳои хоҷагӣ истифода бурдаанд. Дар ҳудуди Помир беш аз 70 кону маҳалҳои маъданзоҳиргардида маълум мебошанд. Бештари онҳо дар Ҷанубу Шарқии Помир (дар майдони Бозордара) ҷойгир мебошанд. Ҳамаи конҳои қалъагиро ба ду майдон - Акархар-Элису ва Охҷилға пайваст менамоянд. Дар маъдансанги конҳо миқдори қалъагӣ аз 0,3 то ба 6% мерасад. Ин нишондиҳандаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Помирро ба қатори ояндадори қалъагӣ мансуб дониста шавад.

  Алюминий металли васеъ паҳншуда ва бисёр истифодашавандаи ранга мебошад. Маъдансанги алюминий асосан боксит мебошад ва конҳои он дар Ҷилгакӯл, Пшарти Ғарбӣ, Калактош, Охҷилға (н.Мурғоб) ҷойгир мебошанд. Миқдори гилхок дар боксит аз 28 то 58% мерасад, мутаассифона захираи он кам аст. Аз ин ваҷҳ дар замони ҳозира ба категорияи саноатӣ мансуб дониста намешавад.

  Металҳои нодир ва асил волфрам, молибден, сурма, симоб, стронсий, тилло, нуқраро дарбар гирифта, истифодаи васеъ ва қимати калон доранд.

  Волфрам яке аз металҳои қимматбаҳо дар саноати металлургӣ ба ҳисоб меравад. Дар Помир як кон ва чандин мавзеъҳои волфрам зоҳиргардида маълум мебошанд.

  Кони волфрами «Икар» дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон ва 58 км аз шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст. Ғафсии рагҳои маъдандор аз 0,2 то ба 7 м. мерасанд. Дар кон ҳамагӣ 11 танаҳои маъданӣ ҷудо карда шудааст. Қимати конро мавҷудияти тилло, кобалт, мис, нуқра ва молибден афзун мегардонад (1.172).

  Молибден дар саноати металлургӣ, ҳавопаймосозӣ, автомобилсозӣ, радиотехника, электротехника, ракетасозӣ ва ғайра васеъ истифода мешавад. Дар Помир 35 конҳои решагӣ ва маъданзоҳиргардида маълум мебошанд.

  Молибден ба шакли молибденит (MoS2) бо турмалин дар эндоконтакти ҷинсҳои магматикии марҳалаи 4-ми интрузияи Ванҷ дар синаи харсангҳои лейкократии кварсдори болооби соҳили чапи ҳавзаи рӯди Сунгад ҷойгир шудааст, таҳқиқи муффассалро металабад (2.72).

  Дар байни конҳои молибден кони Сунгат, ки дар ноҳияи Ванҷ ҷойгир шудааст, ояндадор ҳисобида мешавад.

Сурмаро асосан аз маъдансанги антимонит (Sn2S3), ки ранги сурбро дорад, ҳосил мекунанд. Аксари конҳои сурма дар таркибашон симоб ҳам доранд. Филизи сурма аз гармӣ на ин ки васеъ, балки баръакс, фишурда мешавад. Ин хосияти сурмаро ба инобат гирифта, онро дар техника, саноати мошинсозӣ ва ғайра истифода мекунанд. Зуҳуроти сурма дар наздикии шаҳраки Мурғоб, хамидаи Рангкӯл ва водии рӯди Аличур ошкор гардидааст. Дар байни онҳо маъданзоҳиргардидаи «Солнечное», ки дар водии рӯди Охсу ҷойгир мебошад, барои истифода ояндаи хуб дорад.

Симоб ҳанӯз дар асрҳои қадим ба одамон маълум буд, дар тибби қадим ҳамчун даво истифода мешуд. Симобро асосан аз маъдансанги киновар, ки ранги сурхи баланд дорад, ҳосил мекунанд. Симоб филизи моеъ мебошад, ранги нуқравӣ дорад. Симоб ва пайвастагиҳои он заҳрнок мебошад, барои ҳамин ҳам истеҳсоли он дар ҷаҳон коҳиш ёфта истодааст. Конҳо ва маъданзоҳиршудаҳои симоб дар Ҷанубу Шарқии Помир, дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб ҷойгир мебошанд. Маъданзоҳиргардидаи Даван-3 аз 0,18 то 1,7% ва ба ҳисоби миёна 0,55% симоб дорад. Дар соҳили рости рӯди Машал маъдансимоб то ба 5,4% мерасад. Имрӯзҳо ҳеҷ яке аз мавзеъҳои маъданзоҳиргашта қиммати саноатӣ надоранд, таҳқиқоти иловагиро металабанд (3.107-108).

Тилло ҳамчун металли асил 6 ҳазор сол пеш аз солшумори мо чун маводи зебу зинат истифода мешуд. Айни замон қисми асосии тиллои дар мамлакатҳои ҷаҳон истеҳсолшаванда дар фонди (хазинаи) давлат нигоҳ дошта мешавад. Тиллоро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи тиб(б), чинниворӣ чун рангубор, радиоэлектроника, саноати химия, истеҳсоли нахҳои сунъӣ истифода мекунанд. Конҳои тиллои решагӣ ва тиллои пошхӯрда аҳамияти саноатӣ доранд. Ранги тилло вобаста ба омехтаҳояш аз зард то зарди баланд ва зарди сурхча тағйир меёбад. Тилло дар Помири Шимолӣ, Рӯшон Пшарт дучор мешавад.

Дарвоз дар Осиёи Миёна аз ҳама қадимтарин ҷои истихроҷи тилло аст (асри VI пеш аз солшумори мо). Порчаҳои калони тиллои холис дар кӯҳистони Рашт (32 кг 430 г), инчунин дар Шох-Вахон (Помири Ҷанубӣ) дарёфт шуда буд, ки вазни он бо 24 кг 360 г. баробар буд. Соли 1988 коркунони комбинати маъдантозакунии «Тиллои тоҷик» дар конҳои пошхӯрдаи Дарвоз порчаи тиллои холиси 225 г. вазн доштаро ёфтанд. (Баротов Р.Б. Сангҳои қимматбаҳои Тоҷикистон. Душанбе, с.1996, с.19).

Дар Помир ду минтақаи маъдани тилло: Помири Шимолӣ ва Рушону Пшарт фарқ карда мешавад. Минтақаи якум ба масофаи 300 км тӯл кашидааст. Минтақаи дуввум аз Рангкӯл то қаторкӯҳи Язғулом давом кардааст, чандин сол ин ҷониб коркард (истихроҷ) мешавад. Дар Помири Шимолӣ кони тиллои Савуқсой ва Қараҷилға воқеъ аст. Солҳои охир дар поёноби рӯди Бартанг ва шохобҳои он маҳалҳои маъдани тиллодошта ошкор гардид. Барои муайян кардани миқдору сифати тилло иктишофи иловагӣ гузаронидан лозим меояд.

Нуқра ҳамчун металли асил дар як қатор соҳаҳои хоҷагӣ аз замонҳои қадим то ба имрӯз истифода шуда меояд. Нуқраи кони Тоқузбулоқ, ки дар қаторкӯҳи Бачор воқеъ мебошад, дар асрҳои IХ-ХI истихроҷ ва истифода мешуд. Кони мазкур бисёрмаъдана мебошад. Таҳқиқотҳои техникию иқтисодӣ нишон доданд, ки аз худ намудани он аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок мебошад.

Кони Охҷилға дар саргаҳи рӯди ҳамном ҷойгир аст. Рагҳои маъдандор линзашакл мебошанд, чун занҷира 6 км тӯл кашидаанд. Ин кон ҳам бисёртаркиба мебошад (дорои нуқра, мис, сурма, маргимуш, висмут, руҳ, сурб ва тилло), дар замонҳои гузашта истифода шудааст. Маъдани ин кон ояндаи хуб дорад, барои саҳеҳ намудани миқдору сифати маъдан таҳқиқотҳои иловагии техникию иқтисодӣ гузаронидан лозим аст (5.70).

Масолеҳи кӯҳӣ-химиявӣ, агрономӣ ва техникӣ дар Помир флюорит, маъдани бор, барит, асбест (пахтасанг), слюда (қабатсанг), талк, графит намаксанг ва ғайра дучор мешаванд.

Флюорит (шпати гудохта) - маъдансанги зебо буда, ранги бунафш, зард, садбаргӣ, зард ва ё тамоман шаффоф мешавад. Бештар дар металлургия ба сифати флюс (ҳамчун пасткунандаи ҳарорати гудозиши маъдани алюминий) истифода мебаранд. Флюритро инчунин дар корҳои заргарӣ ва кристалли шаффофи он дар саноати оптикӣ ва химия васеъ истифода мешавад. Кону маҳалҳои зуҳурёфтаи флюорит дар Элисуй, Олимпийсой, Қароҷилғасой, Танимас, Ҷонбой маълум мебошанд. Ин маъданро минбаъд барои гудозиши маъдан истифода бурдан мумкин аст. Мутаассифона шароити табиию географии конҳо истифодаашонро мушкил мегардонад (1.185-186).

Бор дар ҳолати холис дар хоҷагӣ истифода бурда намешавад, вале маводҳое, ки дар таркибашон бо миқдори кам ин элементро доро мебошанд, хосияти махсус пайдо менамояд. Дар ин ҳол бор барои тайёр намудани боратҳои марганетс, мис, сурб, барои истеҳсоли хӯлаҳои мустаҳкам дар тайёр намудани шишаҳои оптикӣ, анҷомҳои ба оташ тобовар, эмал ва ғайра истифода мешавад. Дар Тоҷикистон ду типи конҳои бор маълум мебошанд. Як типи онҳо ба скарнҳо (силикатҳои бордор), типи дуввум бо оби нафт ва кӯлҳои намак алоқаманд мебошанд.

Кони Акархар дар Помири Шарқӣ дар қисми обтақсимкунаки (шонаи) қаторкӯҳи Бозордара ҷойгир мебошад. Кон дар минтақаи ғафси скарнҳои бордор, дар қабатҳои карбонатҳои кремнигии таҳшониҳои перму триас макон дорад. Ин ҷо чаҳор танаҳои скарние мавҷуданд, ки дар таркибашон ба андозаи саноатӣ бор доранд. Танаҳои 1 ва 2 дар қитъаи ҷанубу шарқ ҷойгир шудаанд. Ғафсии ин танаҳо мувофиқан 40-60 м ғафсӣ доранд, қисми намоёни ин танаҳо ба масофаи 150-400 м. тӯл кашидаанд. Миқдори  миёнаи  маъдансанги бордошта (В2О3) аз 3-5% беш нест. Танаҳои саввуму чаҳорум аз ҷиҳати истифодаи саноатиашон манфиатнок мебошанд, ғафсии ин танаҳо ба 3-110 м мерасанд ва 1,5 км дарозӣ доранд. Захираи маъдансанг аз рӯи категорияи С1 – 50601 ҳаз. т. ва В2О3 – 3965 ҳаз.т. ба ҳисоби миёна дар маъдансанг бор 7,83%, аз рӯи категорияи С3 миқдори маъдан ба 238244 ҳаз. т, В2О3-18046 т, андозаи миёнаи бор дар маъдансанг ба 7,55% мерасад.

Дар заминаи ин кон сохтани камбинати кӯҳӣ-химиявӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Истихроҷи маъданро тариқи кушод ба роҳ мондан мумкин аст. Истихроҷи маъдани кон 60-65 сол давом карда метавонад.

Муҳлати бозгардонии харҷи сохтмони комбинат - 6,3 солро фаро мегирад (3.119; 5. 71).

Асбест (пахтасанг)- минерали нахдор буда, ба торҳои борики мустаҳкам ҷудо мешавад, ба кислота тобовар, дар об ғарқ намешавад ва дар оташ намесӯзад. Аз як кг (1 кг) асбест риштае тайёр кардан мумкин аст, ки 15 км дарозӣ дошта бошад. Либосҳои аз асбест тайёр кардашуда дар оташ намесӯзанд ва гармиро намегузаронанд. Матоъҳои аз асбест тайёркардаро дар соҳаҳои гуногуни саноат, дар ракетасозӣ, кайҳон-навардӣ ва саноати барқ, либос барои оташхомӯшкунандагон истифода мешавад.

Дар ҳудуди Помир 14 кони асбест бақайд гирифта шудааст. Аз ҳамаи он ҷойҳое, ки пахтасанг маълуманд, кони Бунай диққатҷалб-кунанда мебошад. Он дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Дарвоз дар ноҳияи Ванҷ ҷойгир мебошад, 1200 м. дарозӣ ва аз 100 то 250 м. паҳноӣ дорад.  Намунаи пахтасанге, ки Сафар Маҳмудови одештӣ (с.1932) ба А.А.Сауков пешниҳод карда буд, таваҷҷуҳи кошифонро ба худ ҷалб намуд, зеро он нахҳои дарозӣ пахолшаванда дошт. Дарозии нахҳо 21-22 мм. мерасид. Кони пахтасанги Бунай дар болооби тарафи рости рӯди ҳамном, 15 км аз резишгоҳ, дар баландии 1,5-2 км аз сатҳи рӯди Ванҷ воқеъ гардидааст, дар зери ағбаи барфдор мехобад. Аз пахтасанг шифер, тахта, варақа, тахтаҳои ороишӣ барқногузар, чатрҳои даромадгоҳи метро, қубурҳои обу газгузар, ҳавокашҳо сохта мешавад (Вазиров Н., Муҳаббатов М., Тоҷибеков М. Душанбе, «Фарос», 2003, с.48). Кон сифати хуби бофандагӣ дорад, миқдори миёнаи сангпахта дар конҳо ба 5,93%, аз он навъи ба бофандагӣ мувофиқ – 0,18% аст. Захираи саноатии кони Бунай ба 284 ҳазор тонна баробар аст. Захираи пешгӯйишаванда ба андозаи 3,37 млн. т. баҳо дода мешавад. Азбаски шароити кӯҳиву техникӣ ва иқтисодӣ-географӣ вазнин аст, барои истеҳсол аз ҷиҳати иқтисодӣ ба талабот мувофиқ дониста намешавад (6.36).

Конҳои слюда дар Помир дар се макон - Лоҷувардара, Абхарв ва Даршой дар каторкӯҳи Шоҳдар ҷой гирифтаанд. Одатан слюдаи варақиро дар саноати электрикӣ ва варақаҳои шаффофи онро ба ҷои шиша дар печҳои гудозиш барои айнаки металлургҳо истифода мебаранд.

Миқдори миёнаи слюда дар кони Лоҷуварддара аз 5,4 то 75 кг/м3, захираи саноатии он 395 тонна ҳисобида мешавад. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1940-1942) қариб 40 тонна маҳсулот гирифта шуда буд. Баъдан истихроҷ хобинида шуд, яъне бесамар дониста шуд. Дар солҳои Иттифоқи Шӯравӣ моли хоми слюда, яъне як бастаи як (1) килограммаи он аз Ҳиндустон бо нархи 8 ҳазор доллар харидорӣ мешуд. Ҳол он ки сифати слюдаи Помир аз дигар конҳо борҳо бартарӣ дорад (7.49).

Талк гидросиликати магний мебошад, азбаски ранги сафед дорад, дар соҳаи атриёт ва резинбарорӣ, кулолгарӣ, хиштҳои оташбардор  ва зарфҳои ба кислотаю ишқор тобовар истифода мешавад. Сокинони маҳалаи Помир аз хокаи он «Ташупа» (пудра) тайёр мекунанд. Конҳои талк дар Ҷанубу Ғарбии Помир, аз ҷумла кони Мулвоҷ дар соҳили рости дарёи Панҷ 83 км ҷанубтари шаҳри Хоруғ ба андозаи 1 км тӯл кашида, то 300 м ғафсӣ дорад. Ин кон мувофиқи баҳои мутахассисон сифати хуби кулолгарӣ дорад. Захираи талк дар кон беш аз 900 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, қимати саноатӣ дорад.

Кони талки Кӯҳилаъл линзашкл буда, аз 30 то 350 м дарозӣ ва аз 0,3 то 8 м ғафсӣ дорад, захираи он ба 6,5 млн. т, ҳиссаи талки энстатит 10 млн. т, форстярит 250 ҳаз. т. ва магнезит 150 млн. т. мерасад. Захираи пешгӯишудаи талк қариб 400 ҳазор тонна аст. Барои ба истифода дода шудани маҳсули ин кон баҳои амиқи техникаву иқтисодӣ лозим аст.

Кони намаксанги Шӯрбел 15 км шимолии кӯли Рангкӯл воқеъ мебошад. Қабати намак 340 м дарозӣ дорад, қисми намоёни намак аз 3 то 10 м ғафсӣ дорад. Ранги намак хокистариву сафед аст. Айни замон аз ин кон барои хӯроки чорво намак истихроҷ карда мешавад. Минбаъд лозим меояд, ки намаки хӯрокии ошӣ истеҳсол карда шавад. Захираи умумии намаки кон 792,3 ҳазор тонна буда, аз он намаки хӯрокӣ 69,8 ҳазор тонна ҳосил кардан мумкин аст (7.16).

Масолеҳи сохтмон дар ҳудуди Помир мосаҳати калонро фаро гирифтааст. Мутаассифона, омӯзиш ва истифодаи он дар зинаи паст қарор дорад. Конҳои калони масолеҳи сохтмон дар Дарвоз – 400 ҳазор м3 захира, Тогмай қариб 1 млн. м3, Бозтерин ва Элисӯй захираи калон доранд.

Масолеҳ барои истеҳсоли хишт аз гил ва гилхокҳои леёсӣ иборат мебошанд, вале аз љиҳати захираи кам доштанашон аҳамияти амалӣ надоранд. Танҳо кони гили Сучан омӯхта шудааст. Кони мазкур 15 км шарқии шаҳри Хоруғ дар сари роҳи мошингард воқеъ аст. Захираи гил аз рӯӣ категорияи А+В+С1-91 ҳаз. м3 аст, аз он хишти намунаи «75» тайёр кардан мумкин аст. Шароити кӯҳиву техникии маҳал барои коркард мусоид мебошад.

Оҳаксанг барои тайёр намудани оҳаки ҳавоӣ дар мавзеи Дашт дар соҳили рӯди Шоҳдара 4 км шимолтари маркази ноҳияи Роштқалъа ҷойгир аст. Захираи он аз рӯи категорияи А+В ба 95 ҳаз.т. мерасад.

Кони Обихирак 12 км шимолу ғарбии маркази ноҳияи Дарвоз, кони Элисӯй дар соҳили рости рӯди Мурғоб ва 26 км ғарбтари маркази ноҳияи Мурғоб макон дошта, захираи геологии он ба зиёда аз 160 млн. т. мерасад, ба таври кушод коркард кардан мумкин аст.

Гаҷ (гипс). Дар ҳудуди Помир қариб 10 кони гаҷ маълуманд. Дар байни ин шумора кони Охсу ба талабот мувофиқ мебошад. Кони чиғили Ружок 52 км шимолу шарқии ш.Хоруғ дар сари роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ош ҷой гирифтааст ба талаботи ГОСТ мувофиқ мебошад, барои бетонрезӣ истифода шуда метавонад, захираи он аз рӯйи категорияи А+В 25 71 ҳазор м3, аз рӯйи категорияи С2 ба 2020,2 ҳаз. м3 мерасад. Шароити кӯҳиву техникӣ ва иқтисодӣ барои коркард мувофиқ дониста шудааст.

Чиғили Бозтерак, реги Қаросую Хоруғ ва чанде дигар барои истифода мувофиқ дониста шудааст (6.39-42).

Сангҳои қиматбаҳо, ороишӣ ва рӯйбаст. Сангҳои қимматбаҳои Тоҷикистон аз замонҳои қадим машҳуранд. Онҳо пайвастагиҳои химиявии табиианд, ки бо хушрангӣ, сахтӣ, дурахшонӣ, қобилияти баланди инкисори нур, шафофӣ ва ҷилою пардозбобии худ аз дигар сангҳои табиӣ фарқ мекунанд. Сангҳои қиматбаҳо арзиши баланд доранд. Нусхаҳои бузургу зебои онро моли умумимиллӣ меноманд. Ба сангҳои қимматбаҳо лаъл, лоҷвард, фирӯза, ҷамаст (аметист, нилум), зумуррад, ёқут (рубин), топаз, ақиқ, турмалин ва ғайраҳо мансуб мебошанд.

Ченаки вазнии сангҳои баландқиммат - қирот мебошад (1 қирот ва ё кар ба 200 мг баробар аст).

Сангҳои ороишӣ чунин сангмаъданҳое мебошанд, ки барои тайёр намудани ашёҳои ороишӣ ва туҳфа (савғот) истифода мебаранд.

Сангҳои рӯйбаст чунин маъдансангҳое мебошанд, ки онҳоро ба шаклҳои гуногун дароварда, дар соҳаи иншоотҳои бошукӯҳ зебу зинат медиҳанд. Ба ин сангҳо мармар, санги хоро (хоросанг), габро, лабрадорит ва ғайра мансуб мебошанд.

Лаъли Бадахшон - қимматноктарин ва шуҳратмандтарин санг дар Помир мавҷуд аст. Хеле барвақт, аз асри IV сар карда, он дар бозорҳои Мовароуннаҳр, Ҳиндустон, Осиёи Ғарбӣ савдо карда мешуд. Абурайҳони Берунӣ дар соли 1084 дар асари худ «Ал-лаъл-ал Бадахшон» дар бораи қабатҳои санги сафед ёдрас мешавад, ки «ҳаҷми он аз чормағ то андозаи харбуза аст».

Кони лаъл дар масофаи 47 км ҷанубтар аз шаҳри Хоруғ дар соҳили рости дарёи Панҷ дар доманаи қаторкӯҳи Ишкошим 3 км дуртар аз роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим дар баландии 2290-3500 м. аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Солҳои охир геологҳо конҳои лаълро дар Лоҷуварддара, Ғорондара, Сумчин, Ямчун Абхарв низ дарёфт намудаанд. Калисои ҷомеи Исҳоқи шаҳри Санкт-Петербург ба лаъли Бадахшон оро дода шудааст. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ истихроҷи лаъл аз асри  VII то охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ давом кардааст. Аксарияти лаъли Кӯҳи Лаъл сурху гулобиранг ва дар ранги сиёҳ ҳам вомехӯранд. Андозаи кристаллҳо аз якчанд миллиметр то ба 2х3 см, баъзан ба андозаи 6х12 см мерасанд (8.13). Ҳоло аз кон лаъл истихроҷ карда мешавад. Кристалли калони лаъл, ки соли 1988 дарёфт карда шуда буд, 15х17х20 см андоза ва 5880 грамм вазн дошт.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ кони лаъл танҳо дар Помир маълум буд (9.34).

Фирӯза – навъе аз сангҳои қимматбаҳои кабудранг ё осмониранг мебошад, ки барои зебу зинат ба кор мебаранд. Номи он аслан аз калимаи тоҷикӣ-форсии- «пирӯз ва «фирӯз» баромада, маънояш «бахт», «шодӣ», «фотеҳ», «зафар» мебошад. Фирӯзаро аз замонҳои қадим чун санги зебои пурарзиш мешиносанд. Бо фирӯза тоҷи шоҳон ва ҳокимонро оро медоданд, нигини ҳалқаву дастпона ва ангуштарин месозанд, дастаи корд, шамшер, созҳои мусиқӣ, ҷом, зарфиёт, курсӣ, афзоли асп ва ғайраҳоро ҳотамкорӣ мекунанд. Конҳои фирӯза дар кӯҳҳои Қаромазор, Самарқандаки Исфараи Тоҷикистон ва ғайра ошкор гаштаанд.

Лоҷвард ҳам аз замонҳои қадим Бадахшонро ба оламиён муаррифӣ кардааст. Кони лоҷвард дар ҳавзаи рӯди Шоҳдара маълум аст. Ранги лоҷвард кабуди осмонӣ, нилуфариву бунафшии худ басо диққатҷалбкунанда аст. Дар замонҳои қадим аз лоҷвард зарфҳои нафис метарошиданд ва дар лавҳакорӣ истифода мебурданд. Аз он инчунин нигини ангуштарину дастпона ва мӯҳра месохтанд. Истихроҷи лоҷвард дар Бадахшон сол аз сол афзоиш меёбад. Корхонаи ҷавоҳири Бадахшон аз лоҷвард дастпона, ангуштарин (чала), медалион, гулдон ва дигар зеварҳои занона месозанд.

Ҷамаст (аметист, нилум) як навъи кварси шаффоф (SIO2) буда, ранги бунафш, бунафши осмонӣ, қирмизӣ ва қаҳваранг аст. Дар Помири Ғарбӣ (Обиракзову Бардара) ҷамаст дар дохили рагҳои кварсу карбонат дар байни регсанг, варақсанг ва оҳансангҳои давраҳои геологии триасу юра ва хоросангҳои давраи палеоген ҷойгир шудааст (Баротов Р.Б. Сангҳои қимматбаҳои Тоҷикистон. Душанбе «Маориф» - 1996, с.32-33).

Конҳои ҷамаст дар муҷихарф, Рағзобӣ, Язғулом ҷойгир шудаанд. Аз ҷамаст мӯҳра, гарданбанд, ангуштарӣ, гӯшвора, тасбеҳ ва дигар лавозимоти ороишӣ месозанд.

Ёқут (рубин, сапфир) чанд навъ аз сангҳои қиматбаҳо, ки ранги сурх, кабуд, зард ва сафед доранд, хелҳои гуногуни сангмаъдани корунд мебошад. Дар Помири Шарқӣ (Кукурт, Қозиндӣ, Туракула) якчанд манбаъҳои корунд ва булурҳои шаффофи он - ёқути сурх (рубин) ва ёқути кабуд (сапфир)-ро дарёфт кардаанд. Минтақаи ҷинсҳои корунддор, ки бараш то 800 м аст, ба 10-12 км тӯл кашидааст. Дар мавзеи Сасиқ ва Рангкӯл низ якчанд манбаъҳои рубин ошкор карда шудааст.

Топаз – ёқути зард, ранги он сабз, кабуд ва гулобиранг низ мешавад. Топази сабзро забарҷад мегӯянд. Топаз дар мавзеъҳои Рангкӯл ва Кукурти Помири Шимолӣ вомехӯрад. Дарозии кристаллҳои топаз то 7 см ва бараш то 4 см мешавад. Топазҳои Помири Шарқӣ зард, сабз ва беранг мешаванд.

Беҷода (гранат) дар мавзеъҳои Шикинан ва Вахони Бадахшон дарёфт шудааст. Дар он ҷо беҷодаро бо номи яке аз деҳаҳои Вахон «Саджарӣ» мегӯянд. Аз беҷода анҷомҳои зебу зинат месозанд.

Ақиқ (сердолик) – санги қиматбаҳо ва як намуди маъдансанги (минералӣ) халседон (кварс- SIO2) аст. Вай зард, сурх, норинҷӣ, маҳтобӣ, бӯр, сабз, кабудча, қаҳваранг мешавад. Аз ин санг ҳаргуна лавозимоти зебу зинат месозанд. Ақиқ инчунин хосиятҳои табобатӣ дорад, зеро дар таркибаш элементҳои радиоактивӣ – радий, торий дорад. Намудҳои алоҳидаи ақиқ дар Помир ёфт шудаанд.

Аз сангҳои рӯйбаст дар Помир лазурит (Лоҷуварддара), яшмл (Дараи Паткинав, Джак) офит, мармар (Даштак, Ванҷи поён, Лангар, Ушхарв, Ёгит) дучор мешаванд.

Конҳои мармар дар Ушхарв-Висхарви ноҳияи Дарвоз ҷойгир шуда, ранги сафеди барфмонанд дорад. Мармар ба осонӣ коркард мешавад. Захираи он ба 1,5 млрд м3, ғафсиаш ба 60 м. баробар аст. Шароити хуби геологӣ-иқтисодӣ дорад, ба таври кушод истихроҷ шуда метавонад.

Кони мармари Егит дар соҳили рости дарёи Панҷ 30 (си) км ҷанубу ғарбии маркази ноҳияи Дарвоз воқеъ аст. Мармари  ин кон ранги сафед, гулобӣ ва бунафш дорад. Қабати якуми кон аз 30 то 100 м, 3,5 км тӯл кашидааст. Қабати дуввуми кон ранги сафед, хокистарранг, холдор ва ғайра дорад.

Ғафсии мармар аз 200 то ба 550 м мерасад, дарозии фазогиаш 14 км аст. Ин мармар барои корҳои рӯйбасти муҷассама (ҳайкалтарошӣ) истифода шуда метавонад. Захираи геологии кон ба 3 (се) милрд. м3 баробар аст, вале бо сабаби тарқишнок буданаш, захираи истифодабобашро 1,5 млрд. м3 меҳисобанд. Кон шароити хуби геологию-иқтисодӣ дорад, тариқи кушод истихроҷ мешавад.

Кони мармари Даштак дар ноҳияи Ванҷ соҳили рости дарёи Панҷ, наздикии қишлоқи Даштак ва 20 км дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир аст. Ранги мармар сафеди қандмонанд, миёнадона ва калондона мебошад. Ғафсии мармари кон 1500 м, вале дарозии фазогии он 350 м аст. Мармар ба осонӣ ҳамвор мешавад, шароити хуби геологгию иқтисодӣ дорад.

Кони мармари Ванҷ дар соҳили чапи рӯди Ванҷ воқеъ аст. Ғафсии умумии дидашавандаи мармар 250 м., вале дарозиаш 2 км мебошад. Ранги мармар сафед, гулобӣ, зарди сафедтоб ва хокистарӣ мебошад. Кони мазкур шароити хуби геологӣ-иқтисодӣ дорад. (4.216-218).

Ҳоло аз мармарҳои Бадахшон, Зарафшон ва Хуҷанд тахтасангҳои рӯйпӯшкунанда тайёр мекунанд ва лавозимотҳои дигари болои миз, тахтаҳои шоҳмот аз тарафи ширкати «Рухом» мувофиқи нақша амалӣ гардидаанд. Мармарҳои ноҳияи Ванҷ бо маҳинданагӣ ва сафедсимои бо мармари Қаррари Италия, бо тобиши гулобиашон бо мармари Порроси Юнон рақобат мекунанд. Дар деҳаи Поршнев фабрикаи «Лаъл» фаъолият мекард, ҳоло аз норасоии қувваи барқ кори корхона таназул ёфт.

Дар Помир инчунин булури кӯҳӣ, офиокалсит, Йашм, санги хоро, грановенит, читсанг, оҳаксанг, ашё барои хишт, регҳои сохтмонбоб, шағал ва ғайраҳо маълуманд, чанде аз онҳо дар корҳои хоҷагӣ истифода мешаванд.

Тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти ВМКБ-ро бе рушди соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ тасаввур кардан маҳол аст. Дар ин вилоят ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Ишкошим, Мурғоб ва мавзеи Рангкӯл дорои металҳои ранга, металҳои нодиру камёфт ва сангҳои қимматбаҳо мебошанд. Дар оянда истихроҷ ва коркарди ин маҳсулотҳо дар назар дошта шудааст.

Мумиё ҳам дар кӯхҳои Помир васеъ паҳн шудааст. Барои он, ки дар бораи захира, имконият ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, яъне саноати маъдани кӯҳӣ андешаронӣ намоем, лозим меояд, ки нисбати соҳаҳои дигари хоҷагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мухтасар шинос шавем ва мавқеи онро барои имрӯз ва ояндаи наздику дур муайян намоем.

Кӯҳистони Бадахшон дар садсолаҳои гузашта ба монанди Кӯҳистони Зарафшону Раштонзамин мавқеи маҳдуд дошт, рафту омад ба дигар минтақаҳо мураккабу заҳматталаб, фидокорию ҳиматбаландиро металабид, бинобар он хоҷагӣ дар заминаи табиату сарватҳои табиии маҳал, заминҳои хурди серсанг, иқлими сард, тобистони кӯтоҳи баландкӯҳ рушд меёфт. Селексионерҳои халқӣ навъу намудҳои зироатҳои ба чунин шароит тобовари ҷав, гандум, дарахтони зардолу, тут, себ ва ғайра, ки ба таъсири иқлими сард сабзида, ҳосили хуб дода тавонанд, рӯёниданд.

Ба Россия ҳамроҳ шудани Бадахшон ва минбаъд пайдо шудани Ҳокимияти Шӯравӣ ба пайдоиш ва рушди хоҷагии Бадахшон таъсири калони мусбӣ бахшид. Сохтмони роҳи мошингарди Уш (Ош)- Хоруғ ва Душанбе – Хоруғ дар замони Шӯравӣ вазъи ниҳоят вазнини Бадахшонро сабук намуд, 14 июни соли 1931 ду автомашинаи 1,5 тоннагӣ нахустин бор аз худуди Қирғизистон тавассути ағбаҳои Чигирчик, Толдик ба водии Олой ва аз ағбаи Қизиларти (4280 м.) қаторкӯҳи Паси Олой гузашта, ба ҳудуди Помир дохил шуданд, аз ағбаи Оқбайтал гузаштанд ба водии Аличур ва аз ағбаи Кӯҳтезак (4272 м.) ба Ҷелондеҳ то ба маркази Бадахшон – Хоруғ омада расиданд. Дарозии ин роҳ 728 км, аз Хоруғ то Мурғоб 311 км, аз Мурғоб то Ош 417 км мебошад.

Соли 1932 автомобили 1,5 тоннагии экспедитсияи комплексии Тоҷикистон ба Помир омад, сохтмони минбаъдаи роҳҳо вусъат ёфт. Аз баҳори соли 1934 ба таври доимӣ, ғайр аз фасли зимистон, ҳаракати мошинҳо оғоз гардид. Тавассути ин роҳ аз Хоруғ то ба Оши Қирғизистон ва аз он ба воситаи роҳи оҳан аз Андиҷон ба Душанбе омадан вақт, хароҷоти зиёдро металабид. Бинобар он зарурати сохтани роҳи байни Душанбе, музофоти Раштонзамин-Қалъаихумб-Хоруғ ба миён омад, ки онро роҳи калони Помир номиданд. Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи сохтмони ин роҳ қарор қабул кард. Сохтмони роҳ дар шароити вазнин, мушкил ва хатарнок оғоз гардид. Муҳлати сохтмони роҳ 5 сол нишон дода шуда буд. Аммо бо ҷидду ҷаҳди қаҳрамононаи 120000 нафар мардумони бо ору номуси Бадахшон, Дарвоз, Қаротегин, ин роҳи тӯли 120 рӯз ва ё 4 моҳ сохта ба истифода дода шуд. Сохтани ин роҳҳо вазъи ниҳоят вазнини Бадахшонро хеле сабук намуд, барои инкишофи минбаъдаи саноат, кишоварзӣ ва вазъи иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард. Мутаассифона,  Роҳи калони Помир дар натиҷаи аз ағбаи барфгиру тармапар будан аз охири тирамоҳ то моҳи апрел (баҳор) махкам мешуд, рафтуомад ба ш.Душанбе қатъ мегашт. Ин вазъият зарурати сохтмони роҳи Зиғару Кӯлобро ба миён овард. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масофаи 610 км. роҳ байни Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб ва Душанбе кушода гардида, имконияти дар фасли зимистон рафтуомад пайдо шуд. Минбаъд роҳҳои мошингард дар дохили водии Ванҷ, Язғулом, Бартанг, водии рӯди Помиру Аличур ва ғайра сохта шуданд. Шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Мурғоб-Қулма Бадахшон-ро ба қисмҳои Ғарбии Тоҷикистон, муносибатҳои иқтисодии худро бо давлатҳои ҳамсояи Хитой, Непал, Покистон ва Ҳиндустон мустаҳкам намуд, барои барпо намудани чандин минтақаҳои озоди иқтисодӣ замина ва имкониятҳои воқеъӣ фароҳам овард. Ба амал омадани шабакаи муътадили роҳу нақлиёт имконият ба вуҷуд овард, ки воридоту содирот ба кишварҳои ҳамсоя ва музофотҳои дохили Ватан ба роҳ монда шавад. Махсусан барои созмони корхонаҳои саноатӣ имконпазир гашт ва дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ корхонаҳои саноатӣ пайдо шуданд. Барои фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ пеш аз ҳама дастрасии мунтазаму бефосилаи нерӯи барқ лозим аст. Ин бошад зарурати сохтмони неругоҳҳои гуногуни барқиро тақозо менамуд.

Ҳанӯз соли 1913 сарҳадбонони Россия дар Хоруғ НБО-и хурд сохта буданд. Соли 1941 дар Хоруғ аввалин НБО дар замони Шӯравӣ сохта шуд, ба электргардонии вилояти Бадахшон асос гузошт. Баъдан НБО-ҳо дар Қалъаихумб (с.1959), Охсуй дар Мурғоб (с.1969), Намадгут дар ноҳияи Ишкошим (с.1971) ва НБО-и нав дар рӯди Ғунт (ш.Хоруғ) сохта шуданд. Солҳои 70-80-уми асри ХХ дар Помир сохтани неругоҳҳои дизелӣ (сӯзишворӣ) оғоз ёфт, ки шумораи онҳо ба 24 адад расид, тавоноияшон 25,1 ҳаз. кВт буд, ва 43,4% тавонои вилоятро ташкил медоданд. Ин неругоҳҳо бо сӯзишвории қимати овардашаванда кор мекарданд. Хотирнишон намудан лозим аст, ки соли 1990 барои бо сӯзишворӣ таъмин намудаи дизелҳо 14 ҳазор тонна чунин сӯзишворӣ сарф шуд. Барои бо нақлиёти автомобилӣ овардани як (1 т) тонна сӯзишворӣ ба вилоят нисбат ба арзиши худи сӯзишворӣ 1,4 баробар бештар буд. Ин аҳвол аз соли 1975 то соли 1991 давом дошт, аз соли 1992 бо сабаби нооромониҳои дохилӣ ва берунӣ аз норасоии сӯзишворӣ дизелҳо аз фаъолият монданд. Тӯли солҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар вилоят 21 НБО-ҳои хурд сохта шуданд, ки тавоноии умумиашон 1500 кВт-ро ташкил медод, инчунин ду чархи (агрегати) аввали НБО-1 Помир бо тавоноии 14,0 ҳазор кВт ба фаъолият оғоз намуд.

Дар ибтидои соли 2003 тавоноии ҳамаи неругоҳҳои вилояти Бадахшон 54,1 ҳазор кВт ва ё 1,2 % тавоноии неругоҳҳои мамлакатро ташкил медод (6.176-178).

Миқдори неруи барқи дар вилоят истеҳсолшаванда талаботи хоҷагии халқро таъмин карда наметавонад ва яке аз омилҳои муҳими боздорандаи рушди иқтисоду иҷтимоиёт мебошад. Ин вазъ дар фаслҳои хунуки сол боиси 5-6 моҳ аз кор мондан ва ё номуътадил кор кардани корхонаҳои саноатӣ мегардид. Чунин вазъи ба миёномада, вазъи маишии аҳолиро хеле вазнину ногувор гардонид. Аҳолӣ барои таъмини гармӣ ва пухтупаз маҷбур шуданд даст ба нобуд кардани бешаву буттаҳо зананд. Дар ноҳияи Мурғоб бошад, одамон ягона набототи нимбуттагӣ – теряскенро, ки хӯроки асосии чорво мебошад, хароб мекунанд, вазъи экологӣ муташанниҷ мегардад. Гуфтан ҷоиз аст, ки ба ин ҳол тангназарии роҳбарони гузаштаи вилоят ва ҷумҳурӣ алоқаманд мебошад, зеро ба ҷои сохтани НБО, ба сохтани неругоҳҳои дизелӣ саргарм шуданд… Дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ (с.1991-2002) дар вилоят  истеҳсоли неруи барқ ба андозаи 14,2% афзуд, ин ҳам ҳоло қонеъкунанда нест ва бояд изҳор намоем, ки дар оянда захираҳои обӣ-энергетикӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои маъданӣ ва захираҳои рекреатсионӣ муаррификунандаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Бадахшон на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки ҷаҳон хоҳад гашт.

Аз ин лиҳоз пеш аз ҳама ба рушди гидроэнергетика диққати аввалиндараҷа бояд дод, зеро он қуфлкушояндаи дигар соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад. Омӯзиши захираҳои обӣ-энергетикии Помир барвақт дар давраи ташкили экспедитсияҳои комплексии Тоҷикистон (с.1932) ва экспедитсяи Тоҷикистону Помир (солҳои 1933-1937) гузошта шуда буд. Таҳқиқотҳои минбаъда имкониятҳои воқеъӣ ва аз ҷиҳати техникию иқтисодӣ самаранокии чандин мавзеъҳоро дар дарёҳо ва рӯдҳои Помирро муайян намуд.

Силсилаи НБО дар дарёи Ғунд 14 мавзеъро дарбар мегирад, ки тавоноии якҷояи онҳо 270 ҳазор кВт-ро ташкил дода, соле метавонад 1629 млн. кВт соатро истеҳсол намояд.

Сохтани НБО «Помир»-2 бо тавоноии 28 ҳазор кВт метавонад соле 227 млн. кВт. соат энергия истеҳсол намояд. Баъди ба итмом расидани сохтмони НБО-и «Помир»-2 мебояд ба сохтмони НБО-и «Помир»-3 шурӯъ намуд, тавоноии он 23 ҳазор кВт буда, метавонад соле ба андозаи 154 млн. кВт соат нерӯи барқ истеҳсол намояд. Аз ҷониби дигар тармими НБО-и Хоруғро мебояд анҷом дод. Дар оянда мебояд дар мавзеи кӯли Сарез НБО-е сохт, ки тавоноияш ба 150 ҳаз. кВт баробар бошад. Чунин нишондиҳандаҳо дар рӯдҳои Помир (Бартанг, Ванҷ, Шоҳдара, Язғулом ва ғайра) хеле зиёданд, ҳамзамон дар оянда сохтмони НБО-ҳои хурд, офтобӣ ва бодиро равнақ бахшидан зарур аст. Аз ҷониби дигар лозим меояд, ки шабакаи неругоҳҳои Тоҷикистони Ғарбиро ба Помир пайваст намуд. Дар ин ҳол имкон ҳосил мешавад, ки як миқдори нерӯи барқро ба давлатҳои наздик интиқол дод ва бо тези хароҷотҳои ба амал омадаро ҷуброн намуд.

Рушди энергетика барои инкишофи васеъи саноати маъданиёти кӯҳӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Чунонки дар боло зикр намудем, Помир аз сарватҳои зеризаминӣ – бор, қалъагӣ нуқра, тилло, никел сангҳои қимматбаҳо, обҳои шифобахш ва кӯлҳои гилашон дармонбахш ғанӣ мебошад. Мутаассифона, ҳанӯз захира ва қиммати воқеъии саноатии бисёре аз онҳо саҳеҳ муқаррар карда нашудаанд, таҳқиқ ва маблағгузории калонро металабад, зеро шароити табиӣ-географӣ ва геологию иқтисодии онҳо чандон созгор нестанд, илова бар ин баъзе конҳо захираи калон дошта бошанд, ҳам мавқеи топографиашон номусоид, миқдори маъдани муфид дар маъдансанг кам аст, баъзе конҳои дигар сифати хуб доранд, вале захираашон кам аст. Аз ин рӯ, дар ҳарду ҳолат, ҳам истихроҷи онҳо аз ҷиҳати техникию иқтисодӣ чандон мусоид нестанд.

Вилояти Бадахшон аз сарватҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ камбағал аст. Дар ин ҷо ду кони ангиштсанг – Куртек (ноҳияи Мурғоб) ва Равноб (ноҳияи Дарвоз) мавҷуд аст. Кони Куртек сифати паст дорад (2160 ккал/кг), хокистараш аз 324,53 то ба 63,25% мерасад. Кони Равноб ба намуди газу чарбдор мансуб буда, калориянокиаш – 75 75 ккал/кг аст. Захираи пешгӯишудаи он 40 млн. т. мебошад. (Минерально-сырьевые ресурсы Таджикистана. Душанбе 1982, с.159). Барои ба истифода додани ангишти ин кон лозим меояд, ки роҳро хуб таъмир ва вилоятро бо сӯзишворӣ таъмин намуд.

Истифодаи он дар оянда на ин, ки талаботи ВМКБ, балки мавзеъҳои (ноҳияҳои) наздики музофоти Кӯлобро бо сӯзишворӣ таъмин хоҳад кард.

Аз байни конҳои сершумори Помир миқдори ками онҳо таҳқиқ шуда, танҳо 18 кон ба тавозуни (баланси) давлатӣ гузаронида шудаанд,11 намудро дар бар мегирад, вале маҳсули 7 кон бо ин ё он андоза истихроҷ ва истифода мешаванд: маводи пезооптикӣ, маводи сохтмон, лоҷвард, лаъл ва обҳои маъданӣ. Дар Қалъаихумб чандин кони тилло (то 100 т.), инчунин захираи мармар, яшм, офит, офикалсит, қуртсанг (серпентин) ва ғайра маълуманд.

Дар ноҳияи Ванҷ дар баробари мармари хушсифат, булӯри кӯҳӣ, мис, никел, кобалт, молибден, оҳан ва ғайра қиммати саноатӣ доранд. Дар ноҳияҳои Рушон, Ишкошим, Мурғоб низ чандин конҳои канданиҳои фоиданок мавҷуданд, лозим меояд, ки ба онҳо баҳои техникию иқтисодӣ дода, истихроҷу истифодаи онҳоро ба роҳ монда шавад.(10.11).

Дар вилояти Бадахшон аз қадим боз сангҳои қимматбаҳоро истифода ва ба муомилот мебаровардан. Масалан, лоҷварди бадахшонӣ дар бозори аксарият давлатҳои Шарқӣ Миёнаву Наздик, Миср, Юнон, Рим шуҳрат дошт. Лоҷвардро тавассути корвонҳо ба Бобулистон (Ироқ), Ҳиндустон ва ғайра ба савдо мебароварданд.

Аз корхонаҳои саноатӣ ва масолеҳи бинокорӣ, заводи оҳану бетонии Хоруғ калонтарин дар Бадахшон ба ҳисоб мерафт. Солҳои 1975-1990 суръати истеҳсоли маҳсулоти он то 3,6 баробар афзуд, ҳоло бо иқтидори пурра кор намекунад, такмилу навсозиро металабад. Дар ҳудуди ВМКБ охири солҳои 80-уми асри гузашта фабрикаи коркарди сангҳои сохтмонбоб бо номи «Хрустал» (дар асоси кони мармари Даштак дар ноҳияи Ванҷ) ва фабрикаи «Лаъл» дар Поршнев, ки ба коркарди сангҳои қиматбаҳо машғул буд, фаъолият мекарданд. Ҳоло норасоии неруи барқ ба истеҳсоли маҳсулот мушкилӣ пеш меоварад. (11.234).

Месазад дар оянда истихроҷи маъдани нуқраи Тоқузбусок, маъдани бори Ак-Архарро ба роҳ монд. Аз унсури бор борозон тайёр кардан мумкин аст, он аз ҷиҳати мустаҳкамӣ ва сахтӣ ба алмос баробар, вале аз ҷиҳати гармобардорӣ (ба гармо тобоварӣ) аз алмос бартарӣ дорад. Борозон ҳамчун алмоси сунъӣ барои ҳамвор намудани ҷисмҳои сахт, шиша, санг, фулузот ва техникаи ядроӣ ва ғайра бо муваффақият истифода шуда метавонад.

Дар хотима хотирнишон менамоем, ки бе омӯзиши ҳаматарафаи сарватҳои табиии Помир ва истифодаи оқилонаи онҳо ҳадафи чаҳоруми мамлакат – саноатикунонӣ ва рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакатро ба роҳ мондан ғайриимкон аст. Сохтмони корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла саноати маъданиёти кӯҳӣ, имкон фароҳам меоварад, ки аҳолии босуръат афзояндаи вилоят, захираҳои зиёди меҳнатиро ба кор фаро гирифта, дараҷаи зиндагии онҳо ба дараҷаи музофотҳои рушд ёфтани Шимол ва Ҷанубу Ғарбии мамлакат баланд бардошта шавад, зиндагии осоишта таъмин гардад, аз ҳаракатҳои беҷо, хавфноку зараровар боз дошта шавад.

 

Ҳусейн АБРОРОВ

номзади  илми география, ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (25), 2021

 

Адабиёти истифодашуда

  1. Минерально–сырьевые ресулсы Таджикистана. Душанбе ,1982.
  2. Вазиров К; Муҳаббатов М; ва диг. Геология ва сарватҳои ноҳияи Ванҷ. Душанбе. 2003.
  3. Баратов Р.Б; Буданов В.И.Гиологические очерки ПАмиро-Алая Душанбе 2005
  4. Баротов Р.Б. Сагҳои қимматбаҳои Тоҷикистон.Душанбе
  5. Таиров Э.З; Берейвинская В.М и др.Минерально- сырьевые ресурсы Помира. Душанбе “Дониш”. 1985.
  6. Мухаббатов Х.М; Хоналиев Н.Х. Помир: ресурсный потенсиали перспективы разветия экономики. Душанбе 2005.
  7. Баротов Р.Б Памир и его недр.Москва “Наука” 1984
  8. Баротов.Р.Б Лаэли Бадахшон. Душанбе “Маориф”.1980
  9. Клеандров И,М Экономика Советского Горного Бадахшана Душанбе “Дониш ”
  10. Баратов Р.Б. Горы и недра Республики Таджикистан -Душанбе. 2002.
  11. Муҳаббатов Х.М., Диловаров Р.Д., Раҳимов М.Р. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон.-Душанбе ” ОФСЕТ”. 2011.
TPL_BACKTOTOP