Санаи 29 август то 2 сентябри соли 2026 дар доираи нақшаи корҳои саҳроии Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби олимони Марказ таҳқиқоти саҳроӣ оид ба омӯзиш ва мониторинги кӯлҳои баландкӯҳи Помир анҷом дода шуданд. Дар ҷараёни корҳои саҳроӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин (ҲБС) дар мавзеъҳои кӯлҳои Дурумкӯл ва Майсара аксбардорӣ ва наворбардории ҳавоӣ анҷом дода шуданд.
Кӯли Дурумкӯл тақрибан 80 км шарқтар аз шаҳри Хоруғ ва 38 км дуртар аз маркази ноҳияи Роштқалъа, дар баландии 3345 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Дарозии кӯл 3,5 км буда, паҳноии он ба ҳисоби миёна 250 метр ташкил медиҳад. Бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин аксбардории ҳавоӣ анҷом дода шуда, маълумоти муфассали фазоӣ барои омӯзиши минбаъдаи ҳолати кӯл ҷамъоварӣ гардид.

Кӯли Майсара дар ноҳияи Роштқалъа дар қисми ҷанубии қаторкӯҳи Шуғнон, дар баландии 4213 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Дарозии кӯл 6,7 км ва масоҳати он 9 километри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар рафти таҳқиқот бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳудуди 21 километри мураббаъ аксбардорӣ карда шуд. Маълумоти бадастомада дорои саҳеҳияти то 29 см буда, барои таҳияи ортофотонақшаҳо, омӯзиши ҳолати кунунии кӯл, муайян намудани хусусиятҳои соҳил ва таҳлили тағйироти минбаъдаи минтақаи атрофи он истифода хоҳад шуд.
Ҳамзамон, дар баробари омӯзиши кӯлҳои баландкӯҳ, се пиряхи хурди ҳавзаи дарёи Шохдара ва болооби ҳавзаи дарёи Ғунд низ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин аксбардорӣ карда шуданд. Маълумоти бадастомада барои арзёбии ҳолати кунунии пиряхҳо, муайян намудани тағйироти сатҳ ва ҳудуди онҳо ва ташкили мониторинги минбаъдаи динамикаи пиряхҳо истифода хоҳад шуд.
Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар чунин минтақаҳои баландкӯҳ имконият медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ маълумоти фазоии бо саҳеҳияти баланд ҷамъоварӣ гардида, ҳолати кӯлҳо, пиряхҳо ва минтақаҳои атрофи онҳо бо дақиқии бештар арзёбӣ карда мешаванд. Маълумоти нави саҳроӣ дар якҷоягӣ бо натиҷаҳои солҳои қаблӣ ва тасвирҳои моҳворавӣ барои таҳлили тағйироти дарозмуддати объектҳои гидрологӣ ва криосферии минтақа истифода хоҳад шуд.