Гурӯҳи олимон ва муҳаққиқони Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) аз 24 то 28 августи соли 2026 дар пиряхҳои набзонии болооби ҳавзаи дарёи Ванҷоб корҳои саҳроӣ анҷом доданд. Ҳадафи асосии ин таҳқиқот омӯзиши ҳолати кунунӣ ва динамикаи пиряхҳои Меғдор ва Хирсон, ҷамъоварии маълумоти саҳроӣ, анҷом додани аксбардории ҳавоӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин (ҲБС) ва гузаронидани мушоҳидаҳои гидрологӣ дар ҳавзаи дарёи Ванҷоб буд.

  Пиряхҳои набзонӣ бо хусусияти даврагии ҳаракати худ фарқ мекунанд. Давраҳои нисбатан ороми ҳаракати ях метавонанд бо марҳилаҳои кӯтоҳи фаъолшавии шадид иваз шаванд. Дар чунин марҳилаҳо интиқоли босуръати ҳаҷми ях ба қисмати поёни пирях ба амал омада, забонаи пирях метавонад дар муддати кӯтоҳ ба масофаи назаррас пеш равад. Ин раванд метавонад морфология ва баландии сатҳи пиряхро тағйир дода, ба маҷрои дарёҳо ва ташаккули кӯлҳои пиряхӣ низ таъсир расонад.

   Пиряхи Хирсон дар нишебии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, дар болооби дарёи Ванҷоб ва шохоби рости дарёи Абдуқаҳор, ҷойгир мебошад. Он яке аз шинохтатарин пиряхҳои набзонӣ буда, солҳои тӯлонӣ мавриди омӯзиши муфассали глясиологӣ қарор гирифтааст. Таҳқиқоти илмӣ динамикаи чандин марҳилаи фаъолшавии ин пиряхро нишон медиҳанд, аз ҷумла набзишҳои солҳои 1963, 1973, 1977, 1989–1990, 2001 ва 2011.

Ҳодисаи соли 1963 яке аз намунаҳои барҷастаи таъсири ҳаракати босуръати пирях ба басташавии маҷрои дарёи Абдуқаҳор мебошад. Дар натиҷаи набзиши забонаи пирях, он тақрибан 1750 м ба пеш ҳаракат карда, маҷрои дарёи Абдуқаҳорро баста ва боиси пайдоиши кӯли пиряхин гардид. Суръати ҳаракати пирях дар марҳилаи фаъоли набзиш то 100 метр дар як шабонарӯз расида, ҳаҷми кӯл дар миёнаҳои моҳи июн тақрибан 14,5 млн м³ арзёбӣ шудааст.

Дар соли 1973 набзиши пиряхи Хирсон боз ҳам шадидтар ба амал омада, забонаи пирях тақрибан 1925 м пеш рафт ва маҷрои дарёҳои Дастирост ва Абдуқаҳорро баст. Дар натиҷа, кӯли пиряхӣ бо ҳаҷми тақрибан 16,4 млн м³ ташаккул ёфт. Кандашавии чунин кӯлҳои пиряхӣ метавонад боиси ба вуҷуд омадани сел ва обхезиҳо гардад.

Ин таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки назорати пиряхҳои набзонӣ набояд танҳо бо муайян намудани мавқеи забонаи пирях маҳдуд гардад. Суръати ҳаракати пирях, тағйирёбии баландии сатҳи он, дигаргуниҳои морфологӣ, ҳолати набзиш, камшавӣ ё афзоиши забонаи пирях, инчунин ҳолати маҷрои дарёҳо ва кӯлҳои пиряхӣ бояд ҳамчун унсурҳои ба ҳам алоқаманди як низоми ягона таҳлил карда шаванд.

Дар баробари Хирсон, пиряхи Меғдор низ дорои динамикаи назаррас мебошад. Таҳқиқоти муосири моҳворавӣ, ки солҳои 1993–2023-ро фаро мегирад, нишон медиҳанд, ки пиряхи Меғдор (РГО) дар солҳои 2000–2020 дар марҳилаи фаъоли ҳаракати набзонӣ қарор доштааст. Дар ин давра мавқеи забонаи пирях аз баландии тақрибан 3240–3070 м ба 2950–2590 м тағйир ёфтааст.

Омӯзиши ҳамзамони Меғдор ва Хирсон имконият медиҳад, ки хусусиятҳои динамикаи ду пиряхи набзонӣ дар як низоми кӯҳию иқлимӣ муқоиса карда шаванд. Ин махсусан барои муайян намудани тағйироти морфологӣ, суръати ҳаракати пиряхҳо ва робитаи онҳо бо равандҳои гидрологӣ аҳамияти муҳим дорад.

Яке аз самтҳои асосии корҳои саҳроии 24–28 августи соли 2026 истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин барои аксбардории муфассали сатҳи пиряхҳо буд. Маълумоти бадастомада барои таҳияи ортофотонақшаҳо ва моделҳои рақамии баландии сатҳ, муайян намудани мавқеи забонаи пиряхҳо, ошкор кардани тағйироти морфологӣ ва таҳлили динамикаи пиряхҳо истифода хоҳад шуд. Бартарии чунин мониторинг дар он аст, ки маълумоти баланддақиқи ҲБС-ро метавон бо тасвирҳои моҳворавӣ, маълумоти ГИС ва натиҷаҳои мушоҳидаҳои солҳои қаблӣ муқоиса кард.

Олимони Марказ моҳи августи соли 2023 низ назорати аввалини пиряхҳои Меғдор ва Хирсонро бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин анҷом дода буданд. Аз ин рӯ, маълумоти соли 2026 барои арзёбии тағйироти дар давоми се сол баамаломада ва ташаккули заминаи мушоҳидаҳои такрории баланддақиқ аҳамияти махсус дорад.

Ҳамзамон бо корҳои глясиологӣ, дар шохобҳои асосии болооби Ванҷоб мушоҳидаҳои гидрологӣ, аз ҷумла ченкунии суръати ҷараён ва харҷи об бо истифода аз таҷҳизоти муосири радарии ченкунии суръати ҷараёни сатҳӣ (Surface Flow Velocity Radar) анҷом дода шуданд. Гурӯҳи илмӣ инчунин минтақаи атрофи деҳаи Вотхудро мавриди мушоҳида қарор дода, ҳолати ҳудуди осебдидаро пас аз сели 19 июли соли 2026 арзёбӣ намуд. Дар рафти корҳои саҳроӣ осеби расида ба як қатор иншооти таъминоти об ва инфрасохтори обёрӣ низ мушоҳида карда шуд.

Маълумоти саҳроӣ, натиҷаҳои аксбардории ҳавоӣ бо истифода аз ҲБС, тасвирҳои моҳворавӣ, маълумоти ГИС ва нишондиҳандаҳои гидрометеорологӣ дар маҷмӯъ барои арзёбии тағйироти морфологӣ ва динамикии пиряхҳо, ҳолати маҷрои дарёҳо ва омилҳои эҳтимолии хавфи табиӣ истифода хоҳанд шуд. Таърихи пиряхи Хирсон, бахусус ҳодисаҳои набзиши солҳои 1963 ва 1973, нишон медиҳад, ки ҳаракатҳои босуръати пиряхҳо метавонанд бо басташавии маҷрои дарёҳо, ташаккули кӯлҳои пиряхӣ ва эҳтимоли кандашавии онҳо ҳамроҳ шаванд.

Корҳои саҳроии соли 2026 идомаи мониторинги пиряхҳои набзонии ҳавзаи Ванҷоб мебошад. Давом додани чунин мушоҳидаҳо ва ҳамгиро намудани маълумоти саҳроӣ бо натиҷаҳои ҲБС, зондкунии фосилавии Замин, ГИС ва маълумоти гидрометеорологӣ барои ташаккули қаторҳои дарозмуддати мушоҳида, дақиқтар арзёбӣ намудани динамикаи пиряхҳо ва таҳкими заминаи илмии арзёбии хавфҳои табиӣ аҳамияти муҳим дорад.

TPL_BACKTOTOP