Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) санаи 6-уми июни соли 2026 дар фурудгоҳи “Фахробод” - и Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ноиб-президенти АМИТ, профессор Амонзода Илҳом Темур, директорони институтҳои тобеи Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИТ ва дигар масъулин парвозҳои намоишӣ-озмоишии ҳавопаймоҳои бесанишинро баргузор намуд. Тайи даҳсолаи охир ҳавопаймоҳои бесарнишин ба яке аз воситаҳои муҳими гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илми табиатшиносии муосир табдил ёфтаанд. Ин технология имконият медиҳад, ки маълумоти фазоии дақиқ ва фаврӣ аз минтақаҳои душворгузар ва аксаран дастнораси кишвар дастрас карда шавад. Бо истифода аз ҲБС олимон метавонанд, ки тағйирёбии ҳолати пиряхҳо, экосистемаҳо, равандҳои эрозионӣ, хавфу хатари ба миён омадани селу ярч, динамикаи захираҳои обӣ ва дигар падидаҳои муҳими табииро дар сатҳи баланди дақиқӣ ва илмӣ аз худ намоянд.

Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) 12 адад ҳавопаймои бесарнишини навъи самолётӣ ва квадрокоптерҳо мавҷуд аст. Аз ҷумла, ҳавопаймои бесарнишини навъи самолётии Micro QC-2, MH-1 ва квадрокоптерҳо, ки барои аксгирӣ ва наворбардории фазоӣ, мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ, таҳияи ортофотонақшаҳо (ортомозаикаҳо), сохтани моделҳои рақамии релеф, инчунин арзёбии хатари офатҳои табиӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон васеъ истифода бурда мешаванд.
То ба имрӯз олимони Марказ ҳавопаймоҳои бесарнишинро барои мониторинги пиряхҳои Хирсон, Саид Нафисӣ, Меғдор ва Деҳдал, инчунин кӯлҳои Сарез, Ҷамшед (Яшилкӯл) ва Маздо (Булункӯл) васеъ истифода намудаанд. Маълумоти ҷамъоваришуда ва натиҷаҳои илмӣ барои таҳияи харитаҳои дақиқи пиряхҳо, моделҳои сеандозаи сатҳи замин ва арзёбии тағйироти муҳити зист хизмат карда, натиҷаҳои онҳо дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи байналмилалӣ нашр шудаанд.
Бояд қайд кард, ки истифодаи ҲБС дар шароити Тоҷикистон аҳамияти калони илмӣ ва муҳим дорад. Қисми зиёди ҳудуди кишварро минтақаҳои кӯҳистон ташкил медиҳанд, ки дастрасӣ ба онҳо аксаран душвор аст. Ҳавопаймоҳои бесарнишин имконият медиҳанд, ки маълумоти илмии баландсифат бо сарфаи нисбатан кам ва дар муҳлатҳои кӯтоҳ ба даст оварда шавад. Аз ин рӯ, ҳавопаймоҳои бесарнишин имрӯз яке аз воситаҳои калидии таҳқиқоти саҳроӣ дар соҳаҳои экология, география, геология, глятсиология ва ғ. маҳсуб мешаванд.
Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари илмӣ на танҳо имкониятҳои муосири омӯзиши табиатро фароҳам меорад, балки ҷиҳати таҳияи роҳҳои муассири ҳифзи муҳити зист, идоракунии устувори захираҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим заминаи боэътимоди илмӣ фароҳам месозад.
Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) рушди технологияҳои ҳавопаймоҳои бесарнишинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ арзёбӣ намуда, ҷиҳати татбиқи дастовардҳои муосири илм ва технология бобати омӯзиши вазъи муҳити зист ва захираҳои табиии Тоҷикистон пайваста тадбирҳо меандешад.
Дар ҷараёни намоиш иштирокчиён бо имкониятҳои техникии дастгоҳҳо аз наздик шинос шуда, парвозҳои озмоишии онҳоро мушоҳида намуданд. Таъкид гардид, ки истифодаи чунин технологияҳои муосир барои рушди таҳқиқоти илмӣ, мониторинги захираҳои табиӣ ва татбиқи навовариҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Чорабинӣ аз ҷониби олимони Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) таҳия ва амалӣ гардида, ба муаррифии имкониятҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дар пешбурди таҳқиқоти илмӣ, мониторинги муҳити зист ва ҷиҳати омӯзишу азхудкунии равандҳои муосири табиӣ бахшида шуд.