Мақолаи илмии корманди Марказӣ илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктор Мустафо Сафаров дар муаллифи бо олимони соҳа аз муассисаҳои илмии Тоҷикистон, Хитой, Ҳиндустон ва Покистон дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии «Global and Planetary Change» ба нашр расид. Маҷаллаи «Global and Planetary Change» ба гурӯҳи маҷаллаҳои сатҳи баланди Q1 шомил буда, яке аз нашрияҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, криосфера ва илмҳо оид ба Замин ба ҳисоб меравад.

  Таҳқиқот таҳти унвони «Фаъолияти пиряхҳои набзонӣ дар Помири Тоҷикистон дар солҳои 2000–2024 (Surge-type glacier activity in the Tajik Pamirs from 2000 to 2024 ба омӯзиши пиряхҳои набзонӣ (пулсатсионӣ ё ҳаракаткунанда) дар кӯҳҳои Помир бахшида шудааст. Дар доираи ин таҳқиқот бори аввал инвентаризатсияи мукаммали пиряхҳои набзонӣ барои тамоми ҳудуди Помир анҷом дода шуда, 507 пиряхи набзонӣ бо масоҳати умумии зиёда аз 3685 км² муайян ва таҳлил гардиданд.

  Муаллифон бо истифода аз маълумоти моҳворавии Landsat ва PlanetScope, аксбардории фазоӣ истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин (ҲБС), маълумот оид ба суръати ҳаракати пиряхҳо ва тағйирёбии баландии сатҳи онҳо фаъолияти пиряхҳоро дар давраи солҳои 2000–2024 мавриди омӯзиш қарор доданд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки 96 пирях дар ин давра фаъолияти фаъоли набзонӣ дошта, қисми зиёди онҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои Муғоб ва Хингов ҷойгир мебошанд.

  Натиҷаҳои бадастомада нишон доданд, ки кӯҳҳои Помир яке аз минтақаҳои муҳимтарини ҷаҳон аз рӯи паҳншавии пиряхҳои набзонӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон муайян гардид, ки тағйирёбии иқлим ба хусусиятҳои фаъолияти ин пиряхҳо таъсири назаррас расонида, дар солҳои охир давомнокӣ ва такроршавии марҳилаҳои набзонии онҳо тағйир ёфтааст.

  Аҳамияти амалии таҳқиқот дар он зоҳир мегардад, ки натиҷаҳои он метавонанд барои арзёбии хавфҳои табиӣ, аз ҷумла ташаккули кӯлҳои пиряхӣ ва рахнашавии онҳо, сел, ярч ва дигар равандҳои хатарнок, инчунин барои таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон истифода бурда шаванд.

  Муаллифони мақола Мустафо Сафаров, Ҷунли Ли, Маҷид Гулаёзов, Али Фазылов, Абҳишек Банерҷӣ, Жуонан Ли, Ардамеҳр Ҳалимов, Зоҳур Аҳмад ва Муродхуҷа Муродов мебошанд.

Матни пурраи мақолаи илмиро метавонед аз сомонаи зер дастрас намоед:

https://www.researchgate.net/publication/405165970_Surge-type_glacier_activity_in_the_Tajik_Pamirs_from_2000_to_2024

TPL_BACKTOTOP