Барои гирифтани Шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ, ки мутобиқати фаъолияти Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-ро ба талаботи муқарраргардидаи давлатӣ нисбат ба муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тасдиқ менамояд, ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода ва ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.   Маводи пешниҳодшуда 30 апрели соли 2026 дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар асоси қарори ҳайати мушовараи Агентӣ аз 30 апрели соли 2026 таҳти № 6/21 ба Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) Шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ таҳти № Т-АД 0003578 ба муҳлати 5 сол - аз 30.04.2026 то 30.04.2031 дода шуд.
 
                                                         
 
   Дарёфти Шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ марҳилаи муҳим дар рушди Марказ ба шумор рафта, расман мақоми Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-ро ҳамчун Муассисаи давлатии илмӣ-таҳқиқотӣ тасдиқ менамояд. Ин ҳуҷҷат аз эътирофи иқтидори илмии Марказ, сатҳи баланди таҳқиқоти анҷомшаванда ва саҳми назарраси он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла экология, ҳифзи муҳити зист ва ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ шаҳодат медиҳад.
TPL_BACKTOTOP