"Мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии
ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад."
 
   Тоҷикистон, ки зиёда аз 93 фоизи қаламрави он кӯҳистон мебошад, аз лиҳози ҷуғрофӣ ва табиӣ ба гурӯҳи кишварҳои аз ҳама осебпазир ба тағйирёбии иқлим шомил аст. Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши басомади офатҳои табиӣ имрӯз на танҳо муҳити зист, балки амнияти обӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии кишварро таҳти таъсири ҷиддӣ қарор додааст.
Бо дарки бармаҳали ин таҳдидҳо, Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои 2000-ум масъалаи об ва тағйирёбии иқлимро ба рӯзномаи байналмилалӣ ворид намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баландпояи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳушдор додаанд, ки тағйирёбии глобалии иқлим метавонад ба буҳрони нави обӣ оварда расонад. Ташаббусҳои минбаъдаи Тоҷикистон худ далели равшани ин сиёсати дурбинона мебошанд.
Бо гузашти вақт ин масъала на танҳо мубрам, балки таҳдиди воқеии ҷаҳонӣ гардид. Дар ҳамин замина, ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори бевоситаи Президенти кишвар пешниҳод гардид, ҳамчун иқдоми муҳим дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пуштибонии васеъ қарор гирифт. Тибқи қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд.
54987919174_52b7c6a2f3_b.jpg
Дар доираи ин иқдом, дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он намояндагони даҳҳо кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои пешрафтаи илмӣ иштирок намуданд. Ин рӯйдод бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистонро ҳамчун пешсафи сиёсати байналмилалии обу иқлим собит сохт.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун яке аз самтҳои калидии илми муосир ва ҷузъи таркибии сиёсати давлатӣ таъкид гардид. Сарвари давлат ба таври возеҳ иброз доштанд, ки омӯзиши пиряхҳо имрӯз на танҳо аҳамияти илмӣ, балки аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ дорад.
Бо мақсади таҳкими заминаи институтсионалӣ ва баланд бардоштани самаранокии тадқиқотҳои илмӣ пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад. Ин иқдом қадами муҳим дар самти рушди илм, тақвияти иқтидори кадрӣ ва мутобиқсозии таҳқиқоти миллӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Пиряхҳои Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд ва коҳиш ёфтани онҳо метавонад ба мушкилоти обӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва суботи экологии тамоми минтақа таъсири ҷиддӣ расонад.
Дар ин замина, Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ фаъолияти худро ба омӯзиши тағйирёбии иқлим, мониторинги пиряхҳо, арзёбии хатарҳои табиӣ ва таҳияи тавсияҳои илмӣ равона намудааст.
Яке аз самтҳои калидии фаъолияти Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ омӯзиш ва мониторинги ҳолат, динамика ва таҳаввули пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Дар ин замина, таҳқиқотҳои саҳроӣ ва таҳлили маълумоти моҳворавӣ дар ҳавзаҳои гуногуни кӯҳии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо, аз ҷумла ҳавзаҳои дарёҳои Варзоб, Сурхоб, Камароб, Ванҷоб ва дигар минтақаҳои Помир анҷом дода шудаанд.
Дар ҷараёни ин тадқиқотҳо истифодаи технологияи муосир чун ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо), системаҳои GPS, аксҳои моҳворавии Sentinel-2, Landsat ва PlanetScope ба таври васеъ истифода гардиданд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки дар як қатор ҳавзаҳо коҳиши назарраси масоҳати пиряхҳо ба қайд гирифта шудааст. Масалан, дар ҳавзаи дарёи Камароб нисбат ба маълумоти феҳристи пиряхҳои ИҶШС (1971) масоҳати пиряхҳо тақрибан 27,7 фоиз коҳиш ёфтааст. Раванди бесобиқаи гармшавии ҳарорат таъсири худро асосан ба пиряхҳои набзонӣ хеле равшан нишон медиҳад. Дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо, омӯзиши пиряхи Деҳдал, ки яке аз пиряхҳои характакунандаи минтақа ва омили эҳтимолии эҷоди хатарҳои табиӣ ба ҳисоб меравад, дар солҳои охир таваҷҷуҳи махсусро ҷалб намуд. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки пиряхи Деҳдал дорои реҷаи даврагии ҳаракат мебошад ва дар гузашта борҳо марҳалаҳои пешравии босуръатро аз сар гузаронидааст. Ин натиҷаҳо бо истифода аз аксҳои муосири моҳворавии Sentinel-2 дар муқоиса бо маълумоти саҳроии собитшуда ва феҳристи пиряхҳои ИҶШС (1971) ба даст омаданд. Дар моҳҳои сентябр–октябри соли 2025 марҳалаи нави ҳаракати фаъоли пирях муайян гардид, ки бо пешравии забонаи он тақрибан 4500 метр ҳамроҳӣ дошт. Ин падида идомаи силсилаи таърихии мушоҳидаҳо (солҳои 1890, 1974 ва 2015-2016) буда, хусусияти даврагии ҳаракати пиряхи Деҳдалро тасдиқ менамояд. Дар сурати идома ёфтани чунин равандҳо, эҳтимолияти сар задани хатарҳои табиӣ, аз ҷумла басташавии маҷрои дарёҳо ва ташаккули кӯлҳои пиряхӣ, вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, мониторинги доимии ин пирях ҳамчун омили муҳимми пешгирии офатҳои эҳтимолӣ арзёбӣ мегардад.
Самти дигари муҳими фаъолияти Марказ омӯзиши пӯшиши барф ва арзёбии хавфи тармафароӣ дар минтақаҳои осебпазири кӯҳистон мебошад. Дар ин замина, Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2024-2025 дар мавзеи Майхура 10 пойгоҳҳои баҳогузории пӯшиши барф ва мониторинги тармафароиро дар баландиҳои гуногун аз сатҳи баҳр насб намуд.
Ин пойгоҳҳо бо истифода аз технологияҳои муосир имконият медиҳанд, ки хавфи рух додани тармаҳо пешакӣ арзёбӣ гардида, тадбирҳои саривақтии пешгирӣ андешида шаванд. Пойгоҳҳо нишондиҳандаҳои муҳими метеорологиро, аз ҷумла миқдори боришот, ҳарорати ҳаво, намӣ, суръат ва самти шамол, ғафсии қабати барф, обнокӣ ва зичии барф, инчунин ҳарорат ва таркиби намии қабати барфро дар панҷ сатҳ ба қайд мегиранд.
Илова бар ин, пойгоҳҳо бо камераҳои назоратӣ ва таҷҳизоти бақайдгирии рақамӣ муҷаҳҳаз буда, фаъолияти онҳо аз шаҳри Душанбе дар реҷаи воқеии вақт назорат карда мешавад. Татбиқи чунин низоми мониторинг дар минтақаҳои кӯҳии кишвар қадами муҳим дар самти коҳиш додани хавфи тармафароӣ ва ҳифзи ҳаёти аҳолӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ маҳсуб меёбад.
Таҳлилҳои охирин нишон медиҳанд, ки тақсимоти боришот ва захираи барф дар манотиқи баландкӯҳ, миёнакӯҳ ва поёноби ҳавзаҳо ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Камшавии боришоти барфӣ ва баландшавии ҳарорати миёнаи солона ба коҳиши захираи пиряхҳо ва барф оварда мерасонад, ки ба устувории экосистемаи кӯҳӣ ва таъминоти оби нӯшокӣ таъсири мустақим мерасонад.
Дар самти омӯзиши кӯлҳои минтақаҳои куҳӣ, фаъолияти Марказ пеш аз ҳама ба мониторинги кӯли Сарез ва садди Усой равона шудааст. Дар доираи Барномаи «Мониторинги равандҳои деформатсионии сарбанди кӯли Сарез бо истифода аз технологияи системаҳои моҳворавии BeiDou» назорати доимии ҳолати сарбанди Усой ва соҳилҳои хатарноки кӯл ба роҳ монда шудааст.
Истифодаи технологияи BeiDou имкон медиҳад, ки равандҳои деформатсионии сарбанд бо саҳеҳияти камтар аз 1 сантиметр ба таври автоматикӣ ба қайд гирифта мешаванд. Маълумотҳо дар реҷаи вақти воқеӣ ҳар ду дақиқа ба Маркази ҳамгироӣ ва коркарди додаҳо интиқол ёфта, пас аз коркарди пурра таҳти назорати доимӣ қарор мегиранд.
Айни замон 7 пойгоҳи дар дар массаҳои лағжанда ва мавзеъҳои эҳтимолан хатарнок қисмати гарбии кули Сарез насб гардидаанд, ки барои муайянсозии саривақтии хатари ярч аҳамияти махсус доранд.
Омӯзиши мукаммали кӯли Сарез, таҳқиқи пиряхҳои набзонӣ, насби 8 пойгоҳи рақамӣ барои мониторинги деформатсияи қишри замин, ҳамчунин татбиқи системаи огоҳкунии пешакии тармафароӣ дар Майхура аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим мебошанд.
Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) ва технологияҳои рақамӣ дар мониторинги тағйироти морфодинамикӣ самаранокии таҳқиқоти илмиро ба таври назаррас баланд мебардорад ва заминаи боэътимод барои қабули қарорҳои оқилона фароҳам месозад.
Ин таҳқиқотҳо дар солҳои минбаъда боз ҳам вусъат дода шуда, бо ҷалби технологияҳои пешрафта ва омода намудани кадрҳои баландихтисос идома хоҳанд ёфт. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар бори дигар моро водор месозад, ки масъулияти илмӣ ва шаҳрвандии худро дар самти омӯзишу ҳифзи пиряхҳо, коҳиш додани хавфҳои табиӣ ва фаъолияти таҳқиқотӣ ва амалиро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшем.
Гулаёзов Маҷид Шоназарович,
номзади илмҳои география, Ҳамдиректори Маркази илмӣ - таҳқиқотии
экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)
TPL_BACKTOTOP