Санаи 2 апрели соли 2026 дар Шӯрои диссертатсионии назди Факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дифои рисолаи диссертатсионии ходими илмии Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мамадшозода Сакина Саломатшо барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои химия аз рӯи ихтисоси 02.00.03 – химияи органикӣ баргузор гардид.

Мамадшозода Сакина Саломатшо ҳангоми дифои рисола.

Рисолаи диссертатсионӣ дар мавзӯи «Синтези ҳосилаҳои 2-бром-7-(трифторметил)-5-оксо-5H-1,3,4-тиадиазоло [3,2-а] пиримидин ва хусусиятҳои ингибитории онҳо нисбат ба фосфатазаҳои ишқорӣ (ФИ)» ба анҷом расонида шудааст. Роҳбари илмии рисола доктори илмҳои химия Сафаров Сироҷиддин буда, зери роҳбарии ӯ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шудаанд.

 Рисола ба масъалаҳои мубрами химияи органикӣ, аз ҷумла синтези пайвастҳои нави гетеросиклӣ ва омӯзиши хосиятҳои биологии онҳо бахшида шудааст. Дар раванди таҳқиқот усулҳои муосири синтез ва таҳлил истифода гардида, натиҷаҳои бадастомада дорои аҳамияти назариявӣ ва амалӣ мебошанд.

Зимни дифоъ унвонҷӯ мазмуни асосии кори илмии худро муфассал пешниҳод намуда, ба саволҳои аъзои шӯро ҷавобҳои асоснок дод. Қайд гардид, ки натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд дар рушди минбаъдаи химияи органикӣ, инчунин дар соҳаҳои марбут, аз ҷумла химияи дорусозӣ ва биохимия мавриди истифода қарор гиранд.

Ба диссертатсия муқарризони расмӣ – докторони илмҳои химия, профессорон Бандаев С. Г. (Душанбе) ва Валентина Ю. (Алмаато) баҳои баланд дода, сатҳи баланди илмӣ, навгонӣ ва аҳамияти амалии онро таъкид намуданд.

Аъзои шӯрои диссертатсионӣ низ кори илмиро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, онро сазовори баҳои баланд арзёбӣ карданд.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ аъзои шӯро якдилона қарор қабул намуданд, ки ба Мамадшозода Сакина Саломатшо дараҷаи илмии номзади илмҳои химия аз рӯи ихтисоси 02.00.03 – химияи органикӣ дода шавад.

Коллективи Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) Мамадшозода Сакина Саломатшоро бо дифои бомуваффақияти рисолаи диссертатсионӣ самимона табрик намуда, ба бону сиҳату саломатӣ, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои минбаъдаи илмиро орзуманд аст.

 

Аъзои Шурои диссертатсионӣ дар рафти ҷаласа.

Ҳамкорон Мамадшозода Сакина Саломатшоро

бо дифои бомуваффақияти рисола табрик намуданд.

TPL_BACKTOTOP