Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо рӯҳи баланд, эҳсоси амиқи миллӣ ва муҳаббати самимӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ироа гардид. Ин Паём на танҳо баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дурнамои рушди он мепардозад, балки ҳамчун ҳуҷҷати фалсафию ҳувиятсоз таъкиди вижае бар ҳифзи мероси фарҳангӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти наслҳо дар назди таърих дорад.
Дар ҷаҳони муосир, ки саршор аз даргириҳои геосиёсию танишҳои фарҳангист, ҳифзу тарғиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки ба ниёзи ҳаётӣ барои бақову пойдорӣ табдил мешавад. Баъзе кишварҳо талош мекунанд мероси таърихию фарҳангии дигар миллатҳоро таҳриф намоянд ё онро мутааллиқ ба худ бидонанд. Дар чунин шароит, ҳифозат аз ҳувияти миллӣ ҳам барои давлат ва ҳам барои мардуми он бисёр муҳим мешавад.
Мардуми тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ ҳамчун миллати тамаддунсоз шинохта шудааст. Ҳанӯз аз даврони қадим ниёгони бузурги мо ормонҳои наҷиби ориёиро, ки дар се арзиши ҷовидонае чун пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек инъикос ёфтааст, таҷассум кардаанд. Ин арзишҳо танҳо шиори ахлоқӣ нестанд, балки пояи тафаккури миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги зиндагии тоҷикон ба шумор мераванд. Бесабаб нест, ки Роҳбари давлат дар Паёми худ ба ин асли бунёдии тамаддуни миллӣ ишора намуда, таъкид карданд, ки ҷомеаи солим, давлатдории устувор ва рушди босубот танҳо дар заминаи андешаи солим, сухани масъулона ва амали созанда шакл мегирад. Имрӯз, дар ҷаҳони пур аз чолишу бархӯрдҳои тамаддунӣ, маҳз ҳамин арзишҳои асил метавонанд ҷомеаро аз парокандагӣ, бегонапарастӣ ва гум кардани худшиносӣ муҳофизат намоянд.

Пешвои миллат бо дарки амиқи рисолати таърихии миллат, таъкидан, фармуданд: «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад».
Ин суханон на танҳо як андешаи сиёсӣ, балки ҳушдор ва даъват ба бедорӣ мебошанд.
Ҷавонон ояндаи миллатанд. Агар дар зеҳну қалби онҳо ҳисси баланди худшиносии миллӣ ташаккул наёбад, ҷомеа тадриҷан решаҳои маънавии худро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, огоҳ намудани насли наврас аз таърих, фарҳанг ва тамаддуни қадимаи миллат вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа, махсусан зиёиён ва бузургсолон мебошад. Танҳо тавассути баланд бардоштани сатҳи илму дониш, маърифат ва андешаи илмӣ метавон рӯҳи миллӣ ва неруи фарҳангии ҷавононро тақвият бахшид.
Иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар, ҷумла тақсими китоби «Таърихи тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» - ҳамчун сиёсати ҳадафмандона ба бедории зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа, бахусус ҷавонон, равона шудаанд.

Паёми имсолаи Президенти кишвар илму маорифро ҳамчун сутуни асосии ҳифзи тамаддун ва идомаи фарҳанги миллӣ ва пешрафти чомеа муаррифӣ мекунад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ояндаи давлату миллат бевосита ба ташаккули насли босавод, соҳибкасб, соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва дур аз таассубу хурофот вобаста аст. Илм на танҳо воситаи пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, балки неруи маънавиест, ки миллатро аз фаромӯш кардани арзишҳои таърихӣ ва аз суст шудани пояҳои фарҳангӣ ҳифз мекунад. Маҳз тавассути илм ҷомеа метавонад мероси ниёгони хешро бишносад, онро ҳифз намояд ва ба наслҳои оянда ба шакли шоиста интиқол диҳад.
Дар воқеъ, илму таълим, маънавиёт ва ҳифзи фарҳанг бояд ҳамоҳанг ва дар канори ҳам бошанд, зеро маҳз ҳамин ҳамоҳангист, ки ҷомеаро бедор мекунад ва пояи устуворе бар худшиносии миллӣ месозад.
Аз соли 2000 то ба имрӯз Паёми Роҳбари давлат ҳар сол ба Маҷлиси Олӣ ироа мешавад, аммо дар солҳои охир ба далели вазъияти кунунии ҷаҳон ин Паёмҳо бо дарки масъулияти бештар баён гардидаанд.

Суоли муҳиме дар андешаи кас пайдо мешавад: агарчи Паёми имсоларо бахши зиёде аз ҷомеа шуниданд, то чӣ андоза онро дарк кардаанд? То кадом ҳад ҳар шаҳрванди бедорфикр ҳар сухани Пешвои миллатро бо ҳисси баланди миллӣ дарк кард ва пазируфт? Зеро ҳар ҷумлаи Паём бо масъулияти таърихӣ ва садоқат ба сарнавишти миллат садо медод. Агар ҳар фарди ҷомеа Паёмро на танҳо бишнавад, балки бо дилу ҷон дарк намояд ва агар бедории ҳисси миллӣ бо босавод гардидани насли нав ҳамқадам шавад, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз қавитару устувортар шуда, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳамачонибаро таъмин хоҳад кард.
Мо метавонем бори дигар даврони наверо дар таърихи тамаддуни башарӣ оғоз намоем, боз метавонем шаҳрсозони бузург, мутафаккирон ва нобиғаҳои наве чун Сино, Рӯдакӣ ва Фирдавсии дигарро ба ҷаҳониён ошно кунем. Зеро Пешвои миллат имрӯз на танҳо раҳбари сиёсӣ, балки идомадиҳандаи рисолати давлатдории Исмоили Сомонӣ буда, чун намоде аз адолату хирад буда, ҷойнишини Куруши Кабир ва Анӯшервони Одил дар замони муосир мебошанд.