Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии донишманди бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар мавзуи «Саҳми Абӯалӣ  ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» Симпозиуми байналмилалӣ оғоз гардид. Кори симпозиум дар дигар бахшҳо идома дорад.

 Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Ибни Сино аз зумраи он мутафаккиронест, ки доир ба ҳаёт ва осораш муҳаққиқони зиёде дар гузашта ва имрӯз сухан гуфтаанд.

photo_2025-11-04_14-21-00-2.jpg

Аз кулли осори Ибни Сино 11 асар ба соҳаи табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ бахшида шудаанд. Муҳимтарин асари Ибни Сино «Қонуни тиб», ки аз 5  ҷилд иборат аст, аз серхонандатарин асарҳои ӯ дар гузашта ва даврони муосир ба ҳисоб рафта, ба аксари забонҳои Аврупо тарҷума шудааст.  Дар «Қонуни тиб» Ибни Сино назарияи умумии тиб, анатомия, физиология, ҷарроҳӣ, ташхис, тарзи табобат, маводи доруворӣ ва пешгирии бемориҳои гуногунро шарҳу тафсир дода, бемориҳои зудпаҳншаванда ва музминро баррасӣ намудааст.

Таъкид шуд, ки саҳми Ибни Сино дар рушду такомули илми ботаника низ хеле бузург аст. Ба ин соҳаи илм ӯ «Китоби набот»-ро бахшидааст. Дар «Китоб- ун- набот» беш аз 500 номгӯйи растаниҳои шифобахшро меоварад, ки дар тибби қаблӣ ва муосираш мавриди истифода қарор дошта, як иддаи онҳоро барои таҳқиқ дар оянда пешгӯӣ намудааст.

Тазаккур дода шуд, ки бузургтарин дастоварди мутафаккир дар он аст, ки ӯ бар хилофи алкимёгарон ё алхимикҳои замони худ, аввалин шуда усули дурусти гузаронидани реаксияҳои кимиёвӣ ва таҳқиқотро бо истифода аз доруҳои гуногуни кимиёвӣ дар Мовароуннаҳр ва Хуросон нишон дод.

Дар идома Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ва дигар олимону пажуҳишгарон саҳми Ибни Синоро дар ташаккули тамаддуни ҷаҳон, рушду тақвияти илми тиб, фалсафа ва мантиқ беназиру нодир арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Абӯалӣ ибни Сино, ки дар мамлакатҳои ғарбӣ бо номи Авитсенна машҳур аст, на танҳо ҳамчун файласуфи ақлгаро, балки ба ҳайси табиби ҳозиқ, мутафаккири донандаи тамоми илмҳои иҷтимоию табиатшиносии давронаш, олими энсиклопедист ва ҳамчун нобиғаи кулли инсонияти мутамаддин ба ҳар яке аз илмҳои ба он машғулгардидааш навгониҳои зиёд ворид сохта, равиши рушду такомули ин илмҳоро барои чандин садсолаҳои минбаъда муайян намудааст.

Маҳз ҳамин хизматҳои беназири ӯро барои инсоният ба эътибор гирифта, дар назди бинои ЮНЕСКО дар қатори Абурайҳони Берунӣ, Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Умари Хайём ҳайкали Ибни Синоро гузоштаанд. Илова бар ин, ЮНЕСКО аз соли 2003 дар ду сол як маротиба ба олимон мукофоти ба номи Ибни Синоро дар соҳаи этикаи илм месупорад.

https://khovar.tj/2025/11/dar-pojtaht-simpoziumi-bajnalmilalii-sa-mi-ab-al-ibni-sino-dar-rushdi-ilm-falsafa-va-tamadduni-a-on-idoma-dorad/?fbclid=IwY2xjawN-ZB1leHRuA2FlbQIxMQBzcnRjBmFwcF9pZBAyMjIwMzkxNzg4MjAwODkyAAEe4oAn7mbLYTeAsMANLn-vAElO9-flVpW6XT40k3f9zi-2AGaC95aB9187uko_aem_2V7swGBQM9_QAn0wVUPKLw 

TPL_BACKTOTOP