Тағйирёбии глобалии иқлим ва гармшавии мунтазами ҳарорати ҳаво яке аз мушкилот ва хатарҳои ҷиддии экологӣ ба ҳисоб меравад, ки тайи даҳсолаҳои охир ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва махсусан ба Тоҷикистон таъсири назаррас расонидааст. Таъсири ин раванд дар шакли обшавии босуръати пиряхҳо, камшавии захираҳои обӣ ва афзоиши хавфи хатарҳои пиряхӣ эҳсос мешавад. 571223012_1164924789067162_5101384879971912030_n.jpg
Дар ҳамин замина, ҳодисаи 25-уми октябри соли 2025 дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об ноҳияи Тоҷикобод, ки дар он пораи аз пиряхи Деҳдал канда шуда, аз тариқи дара поён лағжидааст, ҳамчун бонги хатар ва нишонаи равшани паёмадҳои тағйирёбии иқлим арзёбӣ мешавад.
Пиряхи Деҳдал аз ҷониби мутахассисони Маркази илмӣ-таҳқиқотии ва экологияи муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин таҳқиқ карда шуда (солҳои 2019,2020 ва 2023), корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин минтақа минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
 
Дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Пётри Якум, дар ҳудуди ҳавзаи дарёи Сурхоб, тақрибан панҷоҳ пиряхи хурд ҷойгиранд. Аз ҳама бузургтарини онҳо пиряхи Деҳдал буда, пиряхи набзӣ (surging- eng, пульсирующий-ru, пиряхе ки бо давраҳои тезҳаракатии муваққатӣ тавсиф мешавад) ба шумор меравад. Деҳдал ба навъи пиряхҳои мураккаби водигӣ тааллуқ дошта, дар ҷараёни шаклгирии он як шохоби хурд аз тарафи рости пирях ба он ҳамроҳ мегардад, ки морфологияи умумии системаи яхбандиро мураккабтар месозад. Забони пирях аз болои дараи тангу нишеб ва санглох овезон буда, нишонаҳои равшани таъсири гравитатсонӣ ва раванди шикасту лағзиши яхро нишон медиҳад.
574317573_1164924992400475_9062379797269522507_n.jpg571397202_1164925039067137_3478917865729112810_n.jpg
Раванди корҳои саҳроӣ дар минтақаи омӯзиши пиряхҳои Дидал
 
Тибқи тасвирҳои моҳвораии Sentinel-2 (10 м), пиряхи Деҳдал то 17 сентябри соли 2025 дар ҳолати оромӣ қарор дошта, баъдан ба ҳаракат омадааст. То 22 сентябри соли ҷорӣ забонаи он дар водии дарёи Дара пеш рафта, то наздикии деҳаи Сафедоб расидааст.
Дар баробари ин, ҳаракати сегментии пирях ба қайд гирифта шуда, суръати максималии он рӯзи 25 октябри соли 2025 мушоҳида гардидааст. Ҳамин тариқ, ҳаракати пиряхи Деҳдал то санаҳои 27 октябр идома ёфта, дар натиҷа забонаи пирях дар маҷмӯъ тақрибан то 4500 метр поён ҳаракат намудааст.
Бояд кайд кард, ки ин ҳодисаи мазкур дар пиряхи Деҳдал бори аввал нест. Пиряхи мазкур ҳамчун пиряхи набзонии фаъол буда, ҳаракати он дар солҳои 1890, 1974, 2015-2016 дар адабиётҳо сабт гардидааст. Бори охир ҳаракати фаъоли пиряхи мазкур дар солҳои 2015-2016 ба қайд гирифта шуда буд, ки дар он як ҳодисаи классикии фурӯпошӣ рух дод.
571171192_1164925282400446_709611287785302098_n.jpg
 
573304340_1164925302400444_8936053032354489965_n.jpg
Аксҳои ҳавоӣ аз қисми поёнии забони пиряхи Дидал бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин
 
 
Сафаров М.С.
Доктори ҳабилитат,
Ходими илмии Маркази илмӣ-таҳқиқотии
экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ
TPL_BACKTOTOP