Кормандони илмии Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ дар экспедитсияи муштарак бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Агентии Оғохон Ҳабитат дар давраи 11–14 сентябри соли 2025 дар мавзеи кӯли Сарез ва болооби он (ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоби ВМКБ) иштирок намуданд.
Мақсади асосии экспедитсия таҳқиқи ҳолати кунунии кӯлҳои баландкӯҳ дар Помир буда, дар ҷараёни он бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишини Марказ аксбардории фазоии кулҳои болооби кӯли Сарез гузаронида шуд. Ҳамзамон, дар рафти корҳои саҳроӣ таҳқиқоти геологӣ, корҳои батиметрӣ ва баҳогузории ҳолати садди кӯлҳо анҷом дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин экспедитсияи Марказ ба кӯли Сарез набуда, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин минтақа минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.