Аз 29 августи то 2 сентябри соли 2025 кормандони Марказ вазъи пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхиро дар ҳавзаи дарёи Сурхоб мавриди таҳқиқу назорат қарор доданд. Дар ҷараёни таҳқиқоти саҳроӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин қисми забонаи пиряхи Саид Нафисӣ, ки дар он чанд кӯли хурди пиряхӣ ҷойгиранд, аксбардорӣ карда шуд. Кӯлҳои пиряхӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд.
  Обшавии шадиди пиряхҳо дар рӯзҳои гарми тобистон асосан сабаби ба вуҷуд омадани селфароӣ мегардад. Чунин селфароиҳо дар гузашта боиси хароб гардидани бахше аз шоҳроҳи Душанбе - Лахш ва тағйири самти ҷараёни дарёи Сурхоб шудаанд.
  Дар баробари ин, аз ҷониби кормандони Марказ пиряхҳои мавзеи болооби ҳавзаи дарёи Оби Шурак (Шураки-Капали) низ бо истифода аз ҲБС таҳқиқ карда шуда, маълумоти ба дастомада минбаъд коркард карда мешаванд.
 
555635089_1137424421817199_2709752211897016615_n.jpg
 
555538904_1137424405150534_45308882708758262_n.jpg
 
553122413_1137424508483857_38351192785984931_n.jpg
 
555924617_1137424808483827_4371346633115270396_n.jpg
 
555440104_1137424598483848_5432668385934825196_n.jpg
 
554903329_1137424725150502_2668612256220974451_n.jpg
 
 
TPL_BACKTOTOP