30 майи соли 2025 дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мулоқоти муҳими корӣ байни директори Генералии Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой, профессор Чжан Юанмин ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аҳамияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мониторинг, пешгирӣ ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар шароити тағйирёбии иқлим таъкид намуда, натиҷаҳои амалии татбиқи як қатор лоиҳаҳои илмию техникиро дар доираи ҳамкории дуҷониба муҳокима намуданд. Аз ҷумла, профессор Чжан Юанмин дар бораи лоиҳаҳои муштарак оид ба мониторинги равандҳои деформатсионӣ дар минтақаи кӯли Сарез бо истифода аз системаи моҳвораии BeiDou ва истифодаи технологияҳои рақамӣ барои назорат ва пешгӯии фаромадани тарма дар роҳҳои асосии кишвар ибрози ақида намуд.
Дар ҷараёни мулоқот профессор Чжан Юанмин ба Раиси Кумита Атласи пиряхҳои Тоҷикистонро, ки дар асоси аксҳои моҳвораии дақиқ омода шудааст, инчунин Харитаи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои таҳқиқоти минбаъда заминаи муҳими илмӣ ва иттилоотӣ хоҳад буд, супурд.
Бо қарори Кумита, барои саҳми назаррас дар рушди ҳамкории илмӣ-техникии дуҷониба профессор Чжан Юанмин бо медали фахрии “Барои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ” мукофотонида шуд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид ва намунаи равшани ҳамгироии бомуваффақияти илм дар таъмини амнияти экологӣ гардид.