9 апрели соли 2025 дар Маркази илмӣ-таҳқиқотиии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Конференсияи илмию назариявии олимони АМИТ бахшида ба “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” чорабинии илмӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия Раиси шуъбаи илмҳои биология – ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Мирзораҳимзода Акобир Карим, кормандони илмии Марказ ва олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ширкат намуданд.
 Конференсияи анъанавии илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” бо суханони ифтитоҳӣ Раиси шуъбаи илмҳои биология – ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Мирзораҳимзода Акобир Карим оғоз намуда, иштирокчиёни ҷамъомадро бо Рӯзи илмӣ тоҷик, ки 14 апрел – рӯзи таъсисёбии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, табрик намуда, ба ҳамаи онҳо комёбӣ ва муваффақиятҳои беназир дар фаъолияти илмиашон орзу намуданд.
Баъдан котиби илмии Марказ, номзади илмҳои геологияю минералогия Юнус Мамадҷонов оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Марказ дар семоҳаи аввали соли 2025 баромад карда, аз натиҷаҳои илмии бадастомада ва корҳои илмӣ-ташкилии Марказ ҳисобот пешниҳод намуд. Ҳисоботи Марказ оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилӣ дар семоҳаи аввали соли равон қаноатбахш дониста шуд.
Сипас кормандони илмии Марказ:
- котиби илмии Марказ, номзади илмҳои геологияю минералогия Юнус Мамадҷонов дар мавзӯъи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон”;
- мутахассис оид ба муҳити зисти Марказ, доктори фалсафа дар соҳаи экология Охонниёзов Меҳровар Варқаевич дар мавзуи “Таъсири истифодаи нуриҳои минералӣ ба гуногуншаклии экосистемаҳои чарогоҳӣ дар минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ”;
- химик-таҳлилгари Марказ Мамадшоева Сакина Саломашоевна оид ба “Синтези моддаҳои пиримидиндор ва хосияти ингибиронии онҳо нисбати фосфатозаҳои ишқорӣ” ва дигарон маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Бо қарои ҷаласаи илмӣ мутахассиси Марказ оид ба муҳити зист, доктори фалсафа дар соҳаи экология Охонниёзов Меҳровар Варқаевич барои маърӯзаи беҳтарин дар мавзӯи “Таъсири истифодаи нуриҳои минералӣ ба гуногуншаклии экосистемаҳои чарогоҳӣ дар минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ” барои сарфароз намудан ба “Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин бо ташаббуси роҳбарияти Марказ тариқи маҷозӣ иштирокчиёни ҷамъомади илмӣ бахшида ба “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” дар чорабинии илмии Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков ва Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров иштирок намуда, маърӯзаҳои илмии олимони институтҳои номбаршударо шунида, дар кори он муҳокимронӣ намуданд.
 
 
 
 
 
TPL_BACKTOTOP