Модар – сиришти бузург, созандаи асил, чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Модар – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд.
Модарон ва бонувони азиза! Шуморо ба муносибати фарорасии идатон, яъне рӯзи 8-уми март, аз номи роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази илмӣ-таҳқиқотииии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) табрик намуда, бароятон аввало тани сиҳат, хонаи обод, зиндагии бардавом, рӯзгори пур аз шоду нишот, ҳавои беғубори дилкушо ва умри бобаракати Хизрриёнаро тамоно дорем. Идатон хуҷаста бод, фариштагони сайёраи замин!
Модар ту биҳишти ҷовидонӣ Модар
Хуршеди баланди осмонӣ модар.
Дар чашми ту нури зиндагонӣ ҷорист
Сарчашмаи меҳри бекаронӣ модар.
Бо эҳтиром,
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази илмӣ-таҳқиқотииии
экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)