Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) бо ифтихор хабар медиҳад, ки Сафаров Мустафо Сулаймонович, корманди Марказ, таҳқиқоти илмии худро дар доираи постдокторантура бомуваффақият ба анҷом расонид.
Санаи 5 марти соли 2025, Сафаров М.С. рисолаи илмии худро таҳти унвони “Тағйирёбии пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ дар якҷоягӣ бо хатарҳои алоқаманд дар Помир бо истифода аз харитасозии ҲБС (ҳавопаймоҳои бесарнишин) ва маълумоти моҳвораӣ - Glacier and glacial lake changes along with related hazards in Pamir using UAV mapping and Satellite data дар Институти шимолу шарқии экология, муҳити зист ва захираҳои Академияи илмҳои Чин бомуваффақият анҷом дод.
Маъмурият ва ҳайати кормандони Марказ доктор Сафаровро бо ин дастоварди арзишманд табрик намуда, ба ӯ пешрафтҳои минбаъда, комёбиҳои баланд дар фаъолияти илмӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ таманно доранд. Мо итминон дорем, ки ин комёбӣ оғози марҳилаи нав дар фаъолияти илмии ӯ хоҳад буд.
Бо эҳтиром,
Маъмурияти Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ