Соли ҷорӣ барои таҳқиқоти палеонтологӣ як рӯйдоди муҳим буд. Гурӯҳи байналмилалии олимон – геологҳо ва палеонтологҳо аз 25 июн то 1 июли соли 2024 ба экспедитсияи ҳафтрӯзаи саҳроӣ ба қисмати шимоли Тоҷикистон сафар карданд. Ин аввалин экспедитсияи палеонтологӣ дар минтақа буд, ки аз соли 1991 ин ҷониб ба роҳ монда нашуда буд. Ҳадаф аз баргузории он кашфи боқимондаҳои сангшудаи сутунмӯҳрадорҳо аз таҳшиниҳои охири давраи табошири Фарғонаи ғарбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
Гурӯҳро докторон Пол Румми ва Лижао Чжан - олимон аз Институти палеонтологияи сутунмӯҳрадорҳо ва палеоантропологияи Академияи илмҳои Хитой ва Юнус Мамадҷонов - котиби илмии Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳбарӣ карданд.
Мақоларо муфассалтар дар шакли pdf мутолиа намоед: Экспедитсияи палеонтологӣ дар Тоҷикистон осори сангшудаи навро аз давраи Табошир кашф кард