Қисмати болооби ҳавзаи дарёи Варзобро метавон қутби боришот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб кард, ки меъёри боришот дар минтақа дар як сол зиёда аз 1600 мм-ро ташкил медиҳад ва баландии қабати барф бошад дар солҳои боришоти зиёди барф то 4.0-5.0 м мерасад. Аз сабаби зиёд будани боришот ва хусусан боридани барф дар ҳавзаи дарёи Майхура (шохоби рости дарёи Варзоб) ин мавзеъ яке аз минтаќаҳои хатари тармафароии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои охир дар ин мавзеъ раванди тармафароӣ зуд-зуд рух дода, ҳисорот ва ҳатто талафоти ҷониро низ ба бар меорад.
Огоҳкунии пешакии хавфи офатҳои табиӣ бо истифода аз технологияи муосир имкон медиҳад, ки ба рух додани хавфи офатҳои табиӣ омода шуда, оқибатҳои харобовари он пешгирӣ карда шавад.
Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) бо ҷалби олимону мутахассисони Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой дар ҳамкорӣ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб (нишебии ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор) бо мақсади коҳиш додани хавф ва огоҳкунии пешакии хатари офатҳои табиӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва хатарҳои табиие, ки дар ин мавзеъ ба вуқуъ мепайванданд (тарма, сел, ярч) аз соли 2017 инҷониб таҳқиқот анҷом медиҳад.
Аз ҷониби кормандони илмии Марказ корҳои таҳқиқотӣ оид ба мониторинги хатарҳои маъмулии кӯҳӣ, аз ҷумла тармафароӣ, аксбардориҳои фазоӣ тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин дар қитъаҳои алоҳидаи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд (аз км 48 то 75) гузаронида шуданд. Аксбардории фазоии қитъаи Майхураи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи квадрокоптери D2000, ки бо камераҳои RGB ва Lidar муҷаҳҳаз мебошанд, амалӣ карда шуданд.
Инчунин бо мақсади омӯзиши ҳолати роҳ, сатҳи пӯшиши барфи мавзеъ ва дигар ченакҳо дар минтақаи таҳқиқшуда аксҳои кайҳоние, ки тавассути радифи сунъии Sentinel 2A аксбардорӣ гардидаи лоиҳаи Агентии кайҳонии Аврупои Sentinel истифода бурда шуданд.
Дар асоси коркарди маводи аксбардории фазоӣ ва истифодаи аксҳои кайҳонӣ харитаи мавзеъ бо саҳеҳияти баланд тартиб дода шуда, мавзеъҳои дақиқи тармафароӣ дар шоҳроҳи Душанбе–Хуҷанд (аз км 61 то 75) муайян карда шуданд.
Дар асоси харитаи таҳияшудаи мавзеи номбурда Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой бо мақсади коҳиш додани хавфи тармафароӣ ва гузаронидани мониторинги доимии ин мавзеъ соли 2024 пойгоҳҳои баҳогузории пӯшиши барфу фаромадани тармаро бо истифода аз технологияҳои муосир дар баландиҳои гуногун аз сатҳи баҳр насб намуданд. Ин пойгоҳҳо имкон медиҳанд, ки оид ба хавфи рух додани офатҳои табиӣ (тармафароӣ) сари вақт омода шуда, оқибатҳои онҳо пешгирӣ карда шавад.
Пойгоҳҳо нишондиҳандаҳои метеорологӣ, аз ҷумла миқдори боришот, ҳарорати ҳаво ва намӣ, суръати шамол/самт, қабати ғафсии барф, обнокии барф, ҳарорати қабати барф (панҷ қабат), таркиби намии қабати барф (панҷ қабат), зичии барф (панҷ кабат), гардиши гармии сатҳи хок, инчунин ҳарорат ва намии сатҳи заминро ба қайд мегиранд. Пойгоҳҳо дорои таҷҳизоти муосири бақайдгирии нишондиҳандаҳои метеорологӣ ва камераҳои назоратӣ буда, дар кишварҳои пешрафта дар минтақаҳои куҳӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Дар сурати таъмини устувори алоқаи интернетӣ ва барқи доимӣ дар мавзеи Майхура, фаъолияти пойгоҳҳои насб гардида аз шаҳри Душанбе дар реҷаи воқеии вақт назорат карда мешавад.
Харитаи мавзеъҳои асосии тармафароии шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд (аз км 61 то 73).
Харитаи ҷойгиршавии пойгоҳҳо
Акси таҷҳизоти асосии пойгоҳҳо
Аксҳо аз ҷараёни насб намудани пойгоҳҳо