13 декабр соли 2023 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Марказ бо таҷҳизоту технологияи иттилоотии муосир таҷҳизонида шуда, дар он имконияти мусоид барои дастрасии маълумоти фаврӣ оид ба офатҳои табиӣ, таҳлили онҳо, огоҳсозии аҳолӣ, идоракунии қувва ва воситаҳои низоми ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо низоми муайяншуда фароҳам оварда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда бо имкониятҳои технологӣ барои дарёфти маълумот дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии табиӣ ва ҳамоҳангсозии қувваю воситаҳо ҷиҳати пешгирии он шинос шуданд.
Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти идоракунии ҳаррӯзаи низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқуллода буда, барои муттаҳид намудани манбаи иттилоот, имкониятҳои мавҷудаи зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии низоми ягона ҷиҳати идоракунии фаврӣ дар вазъияти буҳронӣ ва фавқулодда пешбинӣ шудааст (манбаъ: http://prezident.tj/node/32079).
Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) шуруъ аз соли 2021 Барномаи “Мониторинги равандҳои деформатсионии сарбанди кӯли Сарез дар асоси истифодаи технологияи системаҳои моҳворавии BeiDou” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда истодааст.
Дар асоси ин Барнома равандҳои деформатсионии сарбанди Усой ва соҳилҳои кӯли Сарез, махсусан мавзеъҳое, ки хавфи фаромадани ярчро доранд бо истифода аз технологияи системаҳои моҳворавии “BeiDou” ба таври автоматикӣ дар реҷаи вақти воқеӣ доимӣ назорат карда мешаванд. Саҳеҳияти мушоҳидаҳо дар натиҷаи истифодаи технологияи мазкур аз 1 (як) см камтар мебошад.
Барномаи мазкур ба Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайваст шуда, барои дастрасии маълумоти фаврӣ оид ҳолатҳои эҳтимолии табиӣ дар мавзеи кӯли Сарез, таҳлили онҳо, огоҳсозии аҳолӣ, идоракунии қувва ва воситаҳои низоми ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо низоми муайяншуда мусоидат менамояд.