10 ноябри соли 2026 дар маҷаллаи байналмилалии илмии The Cryosphere, ки аз ҷониби нашриёти Copernicus Publications дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди аврупоии илмҳои замин (European Geosciences Union – EGU) ба табъ мерасад, мақолаи илмии корманди Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори ҳабилитат Мустафо Сафаров ба табъ расид. Мақола дар ҳамкорӣ бо олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Швейтсария таҳия гардидааст.

  Маҷаллаи The Cryosphere яке аз нашрияҳои бонуфузи байналмилалии тақризшаванда дар соҳаи пиряхшиносӣ ва омӯзиши криосфера ба ҳисоб меравад. Он дар пойгоҳҳои байналмилалии илмии Science Citation Index Expanded (SCIE, Web of Science) ва Scopus индексатсия мешавад. Тибқи рейтинги SCImago Journal Rank (SJR) барои соли 2025, маҷалла ба гурӯҳи якуми рейтингӣ (Q1) дохил шуда, дар байни 184 маҷаллаи соҳаи Earth-Surface Processes («Равандҳои сатҳи Замин») аз рӯйи нишондиҳандаи SJR ҷойи сеюмро ишғол менамояд. Нишондиҳандаҳои SJR ва CiteScore-и маҷалла мутаносибан 2,28 ва 7,7-ро ташкил медиҳанд.

  Мақола таҳти унвони «A surge-detachment sequence at Dehdal Glacier in the Pamir Mountains, revealed by daily PlanetScope imagery» («Пайдарпайии набзиши пирях ва ҷудошавии массаҳои ях дар пиряхи Деҳдали кӯҳҳои Помир, ки бо истифода аз тасвирҳои ҳаррӯзаи моҳворавии PlanetScope муайян шудааст») ба омӯзиши равандҳои мураккаби динамикӣ ва ноустувории пиряхҳои кӯҳӣ бахшида шудааст, ки то имрӯз ба таври кофӣ омӯхта нашудаанд.

  Таҳқиқот дар пиряхи Деҳдал, воқеъ дар қаторкӯҳи Пётри Якум дар ҳавзаи дарёи Сурхоб анҷом дода шудааст. Моҳҳои сентябр–октябри соли 2025 дар ин пирях ду ҳодисаи пайдарпайи ҷудошавии массаҳои бузурги ях ба амал омада, боиси ҳаракати босуръати онҳо ба самти поёноби водии дарёи Дара гардидаанд.

  Барои омӯзиши ин равандҳо муҳаққиқон маълумоти мушоҳидаҳои бисёрсолаи саҳроӣ, аксбардории ҳавоӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин, моделҳои рақамии баландии сатҳ (DEM) ва 128 тасвири ҳаррӯзаи моҳворавии баландсифати PlanetScope-ро истифода бурдаанд. Маводи мазкур имкон дод, ки тағйироти сатҳи пирях дар давраҳои гуногун ва хусусиятҳои динамикии он пеш аз ҷудошавии массаҳои ях ва дар ҷараёни ин ҳодиса таҳлил карда шаванд.

  Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки дар солҳои 2019–2023 дар қисматҳои гуногуни пирях азнавтақсимшавии массаи ях ба амал омада, пеш аз ҷудошавии аввал деформатсияи сатҳи он мушоҳида шудааст. Пас аз ҳодисаи якум ҳаракати забонаи пирях аз нав фаъол гардида, дар давраи ҷудошавии дуюм суръати ҳаракати ях ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки ҳодисаҳои солҳои 2025–2026 хусусияти мураккаб дошта, маҷмӯи равандҳои пайдарпайи набзиши пирях ва ҷудошавии массаҳои яхро дар бар мегиранд.

  Таҳқиқот аҳамияти омӯзиш ва мониторинги пиряхҳои кӯҳиро нишон дода, таъкид менамояд, ки ҳатто пиряхҳои нисбатан хурд метавонанд релефи водиҳои дарёиро ба таври назаррас тағйир дода, барои маҳалҳои аҳолинишин ва инфрасохтори воқеъ дар поёноб хатари эҳтимолӣ ба вуҷуд оранд. Натиҷаҳои бадастомада барои васеъ намудани донишҳои илмӣ оид ба динамика ва ноустувории пиряхҳои кӯҳӣ, такмили усулҳои мониторинг ва арзёбии хатарҳои эҳтимолии пиряхӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон аҳамияти муҳим доранд.

Бо матни пурраи мақолаи илмӣ метавонед тавассути пайвандҳои зерин шинос шавед:

Сомонаи расмии маҷаллаи The Cryosphere:

 https://tc.copernicus.org/articles/20/6375/2026/

Платформаи илмии ResearchGate:

https://www.researchgate.net/publication/417658196_A_surge-detachment_sequence_at_Dehdal_Glacier_in_the_Pamir_Mountains_revealed_by_daily_PlanetScope_imagery

Тарзи истинод ба мақола:

Safarov, M., Li, J., Miles, E., Gulayozov, M., Li, R., Fazylov, A., Nazirzoda, K., Vosidov, F., Murodov, M., Navruzshoev, H., and Halimov, A.: A surge-detachment sequence at Dehdal Glacier in the Pamir Mountains, revealed by daily PlanetScope imagery, The Cryosphere, 20, 6375–6400, 2026. https://doi.org/10.5194/tc-20-6375-2026

TPL_BACKTOTOP