То соли 2050 беш аз панҷ миллиард нафар сокинони Замин ба ин ё он дараҷа ба норасоии об дучор хоҳанд шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар гузориши «Вазъи захираҳои обӣ дар ҷаҳон», ки 29 ноябри соли 2022 аз ҷониби Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) нашр гардид, гуфта шудааст.
Созмон гузориши аввалини худро дар ин мавзӯъ дар асоси натиҷаи таҳлили таъсири иқлим, тағйироти иҷтимоӣ ва муҳити зист ба манбаъҳои обии Замин интишор кардааст. Санад дар бораи ҳаҷми ҷаҳонии захираҳои оби тоза маълумот дода, инчунин мавқеи осебпазири криосфераи Заминро (барф ва ях) нишон медиҳад. Ҳоло 3,6 миллиард нафар бо мушкили норасоии дастрасӣ ба об дар муддати ҳадди ақал як моҳ дар сол рӯбарӯ ҳастанд. Интизор меравад, ки ин рақам то соли 2050 ба беш аз панҷ миллиард афзоиш хоҳад ёфт. Дар Африқо сатҳи об дар дарёҳои Нигер, Волта, Нил ва Конго дар соли 2021 ба таври назаррас камтар аз меъёр буд. Дар баъзе минтақаҳои Россия ва Осиёи Марказӣ низ ин чиз мушоҳида шудааст. Дар маҷмӯъ, дар гузориш гуфта мешавад, ки тамоюлҳои манфӣ аз тамоюлҳои мусбат қавитар хоҳанд гашт, яъне таъмини оби зеризаминӣ тадриҷан коҳиш меёбад. Шаҳлои САДРИДДИН, АМИТ «Ховар»