4 июни соли 2021 Марказ бо иштироки намояндагон – олимони институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Академияи илмҳои Хитой, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти Осиёи Марказии таҳқиқотҳои амалии Замин (CAIAG, Бишкек) ) ва Маркази илмҳо оид ба Замини Олмон (GFZ, Потсдам) симпозиуми байналмилалӣ дар реҷаи онлайн дар мавзӯи «Захираҳои обии Осиёи Марказӣ: ташаккул, геоэкология, устуворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор намуд.
Дар кори симпозиум зиёда аз 20 нафар олимону мутахассисони соҳа иштирок намуда, 13 маърӯзаи илмӣ шунида ва баррасӣ карда шуд. Маърӯзаҳои илмӣ ба масъалаҳои ташаккули захираҳои обии Тоҷикистон - ҳудуди асосии ташаккули оби ҳавзаи Амударё, таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва фаъолияти антропогенӣ ба вазъи экологии ҳавзаҳои дарёҳо; назорат ва таҳлили равандҳои гидрологӣ бо истифода аз усулҳои зондкунии фосилавӣ, аз ҷумла бо истифодаи васеъи ҳавопаймоҳои бесарнишин (ҲБС), истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ бо мақсади таъмин кардан бо оби нӯшокӣ, арзёбии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки бо равандҳои гидрологӣ алоқаманданд ва ғ. бахшида шуданд.