20 октябри соли 2021 дар Марказ конференсияи байналмилалии илмии "Рушди роҳи Абрешим, мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим, экология ва ҳифзи муҳити зист"-ро дар реҷаи онлайн баргузор намуд. Дар кори конференсия олимон ва мутахассисони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои Хитой, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, Академияи илмҳои Ӯзбекистон, як қатор донишгоҳҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Руссия иштирок карданд. Аз 33 маърӯзаҳои эълоншуда, дар конференсия 25 маърӯзаи илмӣ шунида ва баррасӣ карда шуданд.
Маърӯзаҳои илмӣ ба масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим, муҳити зист, гуногунии биологии экосистемаҳо, тағйирёбии экосистемаи чарогоҳҳо зери таъсири тағйирёбии иқлим ва техногенӣ, истифодаи усулҳои зондкунии фосилавии Замин бо мақсадҳои илмӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои обӣ, пиряхҳо, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва ғ. бахшида шудаанд.