Дар робита ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои илмӣ - конфронсҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои илмӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 тасдиқ гардидаанд, Марказ 27 ноябри соли 2020 конференсия байналмилалии реҷаи онлайн дар мавзӯи "Таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои Осиёи Марказӣ" баргузор намуд.
Дар кори конференсия зиёда аз 25 нафар олимону мутахассисони соҳа аз муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, кормандони илмии Институти зоология ва паразитологияи Ба номи Е.Н. Павловский, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо, Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков, Маркази таҳқиқоти пиряхҳо, Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) ва Маркази илмии Хатлон, ҳамчунин омӯзгорони Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва Институти технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб фаъолона иштирок намуда, маърузаҳои илмии худро оид ба тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳо пешниҳод намуданд.