Агар Конфронси якуми СММ оид ба об 50 сол қабл дар оғози ба вуҷуд омадани тағйирёбии иқлим баргузор гардида бошад, пас Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шароит ва вазъияте доир шуд, ки мушкилоти вобаста ба об ва иқлим ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният табдил ёфта, рӯз то рӯз ҳаёти инсону табиатро зери таҳдиди нобудшавӣ қарор дода истодааст. Яъне, имрӯз хатари тағйирёбии босуръати иқлиму мушкилоти об ба инсоният камтар аз хатарҳои дигари мушкилоти муосири ҷаҳонӣ нест. Чунин иброз намудааст муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашуров дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳибаи махсуси худ бо шабакаи телевизионии СММ дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» масъалаҳои вобаста ба обро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла таъкид доштанд, ки «таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ гардида истодааст».

  Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар ин конфронс суханронӣ намуда, мушкилоти обро ҷиддӣ арзёбӣ намуд. Аз ҷумла, иброз дошт, ки «имрӯз об ба мушкилоти бузург рӯ ба рӯ гардидааст. Яке аз омилҳои афзоиши мушкилоти об худи инсоният аст. Мо гардиши обро вайрон кардем. Экосистемаҳоро вайрон карда, обҳои зеризаминиро ифлос намудем. Аз чор офати табиӣ се адади он ба об тааллуқ дорад. Аз чор як нафар бе оби тоза зиндагӣ мекунад».

Аз таҳлил ва дидгоҳҳои сиёсатмадорону коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ бармеояд, ки мушкилоти вобаста ба об ва тағйирёбии босуръати иқлим масъалаи ҷиддӣ буда, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бо назардошти он ки омилҳои манфии тағйирёбии иқлим ва мушкилоти об барои ҷомеаи башарӣ ва табиати атроф хатару таҳдиди ҷиддӣ ба бор меорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбариии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсола инҷониб ташаббусҳои ҷаҳониро дар самти об ва мудирияти он пеш бурда истодааст, то инсониятро аз чандин фоҷеаи бузург наҷот диҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир панҷ ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул ва эътироф гардида, мавриди амал қарор доранд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси аввалини худро оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» пешниҳод карда буд. Дар ҳамин замина бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2013  «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан даҳсолаҳои байналмилалии амал «Об барои ҳаётм ва «Об барои рушди устувор» эълон гардиданд. Ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025  14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ҳоло муҳим аст, ки вобаста ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу экология чанд нуктаи мушаххасро баён намоем, то арзишмандӣ ва аҳамияти онҳо барои имрӯз ва ояндаи ҳаёти башарият маълум гардад.

Нуктаи аввал ин аст, ки мувофиқи таҳлилҳо даҳсолаи охир мушкилиҳои вобаста ба об дар ҳоли афзоишанд. Ҳамасола ба ҳалокат расидани то ним миллион инсон аз бемориҳои сироятии марбут ба об, афзоиши шумораи одамоне, ки аз шароити одии беҳдоштӣ бархурдор нестанд, гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо далели афзоиши мушкилоти об аст. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба ҳалли мушкилоти мазкур равона гардидааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон ҷомеаи башариро водор намуда истодаанд, ки дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ҳалли мушкилоти вобаста ба обро дар авлавият қарор диҳанд. Чунки идомаи ҳаёт ва бақои инсону табиат ба об вобастагии ҷиддӣ дорад.

Нуктаи дуюм ин аст, ки  ҳамасола афзоиши шумораи аҳолии сайёра боиси сарфи бештари захираҳои обӣ гардида истодааст. Аз тарафи дигар, бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ дар ҷаҳон ва ихроҷи газҳои гулхонаӣ боис шуда, ки ҳарорати ҳаво дар сайёраи Замин боло равад. Ин омил обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии босуръати иқлимро ба вуҷуд овардааст. Бинобар ин, дар меҳвари ташаббусҳои Тоҷикистон масъалаи мудирияти об ва муносибат ба табиат мақоми асосӣ касб намудааст. Ин нуктаро метавон дар ташаббуси навбатии мамлакат оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 мушоҳида намуд. Дар рӯзномаи Конфронси дуюми СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» низ яке аз мавзуъҳои асосӣ масъалаи мудирияти об буд. Дар робита ба ин ба кишварҳои ҷаҳон пешниҳод гардид, ки Рӯзномаи амал дар соҳаи обро пайваста пайгирӣ намуда, роҳи самараноки мудирияти обро дар давлат ва минтақаи худ афзоиш диҳанд.

Нуктаи сеюм ин аст, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, бахусус ташаббуси баргузории Конфронси дуюми СММ оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» раванди нави ҳамгироӣ ва ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об аст. Дар раванди Конфронс Рӯзномаи амал дар соҳаи об пурра гардида, тақвияти ҳамкорӣ дар ин соҳа зарур шуморида шуд. Албатта, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дидгоҳ, уҳдадорӣ ва нақшаҳои амали давлатҳоро ҳамоҳанг намуда, муносибати самаранок ба об ва табиатро шакл медиҳад.

Нуктаи чорум ё худ муҳимтарин нукта ин аст, ки дар матни ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон арзишҳои башардӯстона мақоми махсусро соҳибанд. Хатари тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, афзоиши бемориҳои сироятии марбут ба об, нодуруст ва ғайримақсаднок истифода гардидани об, муносибати бераҳмона ба табиат омилҳое мебошанд, ки хатари умумиро барои башарият ба вуҷуд овардаанд. Имрӯз ин таҳдидҳо дар байни ҷомеаи башар эҳсос гардида, вазъиятро мураккаб намуда истодаанд. Мақсад аз ташаббус ва иқдомҳои Тоҷикистон наҷоти башарият ва сайёраи Замин аз фоҷиаи нестшавӣ аст. Ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар бақои сулҳу субот, амнияти ҷаҳонӣ ва пешгирии муноқишаву низоъҳои мусаллаҳона миёни давлатҳо нақши муҳим  мегузорад. Бинобар ин, имрӯз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва эҳтиром менамояд. Ҳамзамон иқдоми давлати моро якдилона ва ба таври фарогир татбиқ намуда, дар амалӣ гардидани онҳо саҳм мегузорад.

https://khovar.tj/2023/04/tashabbus-oi-a-onii-to-ikiston-ob-insoniyat-va-tabiatro-az-hatari-nobudshav-ifz-menamoyad/ 

TPL_BACKTOTOP