Моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул кард.
Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.
Дар асоси ин Қатънома, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расид. Ин ташаббуси Пешвои миллат барои инсоният ва сайёраи мо воқеан аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиат ва захираҳои обӣ, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар сайёраи мо равона шудааст.
Нақши пиряхҳо дар таҳаввулоти кураи Замин ва инсоният хеле бузург аст. Инкишофи муҳити ҷуғрофии кураи Замин бо мувозинати гармӣ ва намнокӣ муайян карда мешавад, ки он ба ҷараёни шаклгириву тағйирёбии пиряхҳо сахт вобаста аст.
Пиряхҳо ҳангоми паст шудани ҳарорати ҳаво ва зиёд шудани бориш ба иқлими Замин таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, инсониятро зарур аст, ки ба обшавии пиряхҳо роҳ надиҳад. Дар сурати обшавии пиряхҳо ҳарорати миёнаи солонаи Замин метавонад баланд гардад ва ба ҳаёти инсоният таъсири манфӣ расонад. Гузашта аз ин, пиряхҳо манбаи асосии оби ошомиданианд ва захираи ягонаи оби тозаи сайёраро ташкил медиҳанд. Ин воқеият на танҳо барои аҳолии Замин, балки барои ҳайвоноту наботот ҳам ниҳоят муҳим аст. Пиряхҳо дарёҳои нав ба вуҷуд меоваранд, ки бидуни онҳо рушди зироаткорӣ ва таъмини инсоният бо ғизо дар ҷаҳон имконнопазир аст.
Дар даҳсолаҳои охир баландшавии мизони миёнаи ҳарорат дар ҷаҳон ба мушоҳида мерасад. Ин падида ба “натиҷаи амали гармхонаҳо”, ки ба ифлосшавии ҳаво иртибот дорад, вобаста аст. Саранҷоми ин ҳама обшавии пиряхҳо ва хеле кам шудани майдони онҳо мебошад.
Имрӯз дар тамоми ҷаҳон пиряхҳо бо суръат кам мешаванд. Тахмин мезананд, ки то соли 2100 нисфи пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт. Тақрибан 1,5-2 миллиард нафар одамоне, ки дар кишварҳои мухталифи Осиё, Аврупо ва Америка зиндагӣ мекунанд, ба душвории камбуди об дучор мегарданд ва дарёҳое, ки аз пиряхҳо сарчашма доранд, хушк мешаванд. Дар баробари ин, сатҳи баҳрҳо, уқёнусҳо баланд шуда, заминҳои назди соҳилҳо зери об мемонанд. Ва ин падидаи фоҷеабор ба рушди зироаткорӣ ва зиндагии мардум таъсири бад мерасонад. Яъне обшавии пиряхҳо башарро бо афзоиши масоили глобалии экологӣ рӯ ба рӯ месозад.
Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидои асри XXI ба ҳалли масоили глобалии экологӣ хеле афзуд. Ин падида аз он мегӯяд, ки инсоният масъалаи коҳиш ёфтани захираҳои ҳавои тозаву обро дарк карда истодааст. Инро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқ мекунанд. Таҳқиқот манзараи нигаронкунандаи вазъи захираҳои табиӣ ва дурнамои онро пеши назар меоваранд. Яке аз таҳдидҳои глобалӣ ба зиндагии башар коҳиши захираҳои об мебошад. Мушкилоти истифодаи об дар ҷаҳон ба омили муҳими таъсиргузор ба иқтисодиёту иҷтимоиёт, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ табдил ёфта истодааст. Дар пайи зиёдшавии шумораи аҳолӣ дар сайёраи Замин ҳаҷми истеъмоли об низ зиёд гардид. Вале, захираҳои обӣ рӯзафзун кам мегарданд.
Истеъмоли об дар ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаи саноат дар тӯли зиёда аз 100 соли охир босуръат афзоиш меёбад. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 700 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар шароити норасоии оби тоза зиндагӣ ба сар мебаранд.
Ба андешаи олимон, то соли 2025, дар сурати наандешидани тадбирҳои таъҷилӣ ҳудуди 3 миллиард нафар бидуни оби ошомиданӣ ва маишӣ мемонанд. Тақрибан дар байни солҳои 2035 ва 2045 ҳаҷми оби тозаи истеъмолшуда ба захираҳои он баробар мешавад. Тибқи аснод, танҳо 2,5% оби мавҷуда дар Замин ширин ва муносиб ба нӯшидан аст.
Норасоии оби тоза метавонад боиси мушкилоти ҷиддии иҷтимоии марбут ба саломатии инсон гардад. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, 88% бемориҳо дар ҷаҳон вобаста ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва камбуди об барои поккорӣ будааст.
Таърихи инсоният гувоҳ аст, камбуди об боиси даргириҳои мусаллаҳонаи байни давлатҳо мегардад. Дар даҳсолаи охир ин гуна ихтилоф дар 46 кишвари ҷаҳон, ки 2,7 миллиард аҳолӣ доранд, рух додааст ва дар 56 кишвари дорои 1,2 миллиард аҳолӣ хатари ҷиддии бесуботии сиёсӣ вуҷуд дорад. Хусусан бо бад шудани муҳити зист ихтилофи миёни давлатҳои минтақаҳои Шарқи Наздику Миёна, Осиёи Марказӣ ва Африкаи Шимолӣ зиёд хоҳад шуд.
Захираҳои маҳдуди об дар ҳавзаҳои дарёҳо рақобати миёни кишварҳоро тезутунд мегардонад. Эҳтимоли сар задани ихтилоф бар асоси манфиатҳои иқтисодӣ миёни давлатҳои ҳамсоя, ки дар саргаҳ ва резишгоҳи дарёҳо ҷойгиранд, ба маротиб меафзояд Дар ин шароит зиддияти алоқаманд ба камбуди об махсусияти байналмилалӣ мегирад ва оқибатҳои эҳтимолии муборизаи миёни давлатҳоро пешгӯӣ кардан душвор аст.
Имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати муосири мансуб ба об ва роҳу усулҳои илман асосноки ҳалли мушкилоти он зарур мебошад. Дар ин замина, сиёсати об бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб равад. Он бояд дастгоҳи асосӣ барои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ бошад.
Омӯзиши амиқи масоили ҳалли мушкилоти обӣ, сиёсати одилонаи марбут ба он дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дарки нақш ва таъсири он ба равандҳои геполитикии муосир дар минтақа имрӯз хеле мубрам ва муҳим аст. Мақсад аз зикри ин нуктаҳо равшан намудани мазмуну моҳияти иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об ва истифодаи муассиру оқилонаи он буда, ҳадафи калидии онҳо, ба фикри мо, ҳалли яке аз мушкилоти умдаи башарият, яъне раҳоӣ аз буҳрони обӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони ҷаҳонишавии олами муосир гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ буда, буҳрони марбут ба оби тоза аз ҷумлаи муҳимтарин ва мушкилтарини онҳост.
Чуноне ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028», моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Душанбе изҳор намуданд, Тоҷикистон аз гармшавии глобалӣ садҳо миллион доллар зарар дидааст. Ба андешаи Сарвари давлат, тағйироти иқлим ва оқибатҳои он ба иқтисоди ҷумҳурӣ хисороти ҳангуфт меоранд, зеро Тоҷикистон давлати кӯҳистонӣ буда, пиряхҳои зиёд дорад. Дар натиҷаи ин раванд афзоиши бесобиқаи обхезӣ, селҳои пиряхӣ, хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ мушоҳида мешаванд. Тайи чанд даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор пирях об шуда, пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар мамлакати мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст. Дар ин робита, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро дар давраи то соли 2030 қабул намудааст. Бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо Ҳукумати Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дод. Қобили зикр аст, ки масоҳати пиряхҳо ҳашт аз сади қаламрави мамлакатро ташкил медиҳад.
Аз ин лиҳоз ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон — ин давоми мантиқии ташаббусҳои марбут ба ҳифзи захираҳои об дар ҷаҳон мебошад. Бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” эълон намуд, ки мақсадаш беҳтар намудани истифодаи об ва риояи адолат дар раванди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар миқёси ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд, дар ҳалли мушкилоти об ҳам дар саросари ҷаҳон ва ҳам дар кишварҳои алоҳида мусоидат карданд.
Ҳамаи ин ташаббусҳои Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон танҳо як ҳадаф доранд-бунёди минбари универсалӣ ва бисёрҷанба барои муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои оқилонаи ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об.
Муаллифи ҳама ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба захираҳои об — Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешаҳои созандаи худ дар соҳаи истифодаи захираҳои об обрӯву мартабаи байналмилалии Тоҷикистонро ба маротиб боло бурданд. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медоранд, «об дар рушди инсоният нақши ҳалкунанда дорад. Мардум аз қадимулайём дар наздикии сарчашмаҳои обе маскан гирифтаанд, ки ҳаёту ободӣ мебахшанд. Воқеан, об сарчашмаи ҳаёт аст ва инсоният ҳамеша онро ҳамчун сарвати муқаддас ситоиш ва васф кардааст. Дар шароити кунунии афзоиши босуръати аҳолӣ, рушди иқтисод ва таъсири дигар мушкилоте, ки сарбории изофӣ ба захираҳои табииро эҷод мекунанд, арзиши об ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт”. Аз ин рӯ, роҳандозии муколамаи созанда дар мавзӯи об, рушди дипломатияи об, ташаббусҳои нави марбут ба захираҳои об ба мисли эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» метавонад барои ҳамкории дарозмуддати кишварҳо дар соҳаи истифодаи захираҳои обӣ шароит фароҳам оварад ва дар оянда низоъҳои марбут ба ин мушкилро пешгирӣ намояд.
Дар Қатъномаи мазкур аҳаммияти пиряхҳо барои дурнамои рушди инсоният ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор ба сароҳат дарҷ гардидааст.
Бояд гуфт, ки бори аввал дар соли 2009 дар ҷаласаи тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар Дания, инчунин дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Амрико ва баъдан моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки об шудани босуръати пиряхҳо дар канори истеъмоли аз меъёр зиёди об, ки вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ аст, саранҷоми ногувор дорад. Таъкид шуда буд, ки таъсири гармшавии глобалӣ ва коҳиши пиряхҳо махсусан дар манотиқи кӯҳсор, боиси сар задани падидаҳои фоҷеабор дар сатҳи геополитикӣ, геофарҳангӣ ва геостратегии олами муосир мешавад.
Ба ҳамин хотир, иқдоми наву созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон шудани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 ҳар сол таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”ва инчунин таъсиси “Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки барои наҷоти башар нигаронида шудаанд, боиси дастгирии ҳамаҷониба буда, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони Замин ва башарият аст.
Дар анҷом ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун ташаббускори сиёсии сатҳи глобалӣ ва ҳамзамон масъулиятшинос муаррифӣ намуда, барои муттаҳидсозии саъю кӯшиши тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус пешвоёни сиёсии ҷаҳон дар қабул ва татбиқи тадбирҳо ҷиҳати таъмини идоракунии устувори захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо шароит фароҳам меоварад.
Ба шарофати ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва хидматҳои хоси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз ҳамчун нақшофари муҳим ва калидии ҷаҳон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ шинохта шудааст.