Дар мақола таҳлил ва баррасии хусусиятҳои мониторинги оперативӣ ва харитасозӣ дар системаи умумии идоракунии хатари офатҳои табиӣ  бо истифода аз усулҳои зондкунии фосилавии Замин (ЗФЗ) оварда шудааст. Дар шароити дастнорасии манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон истифодаи ЗФЗ хусусияти мубрамият ва серталабро дар бар мегирад.

  Татбиқи ҳадафу вазифаҳо дар соҳаи харитасозӣ ва мониторинги минтақаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида тавассути гирифтани аксҳои ҳавоии инфиродӣ ва ҷараёнҳои видеоӣ дар вақти воқеӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин, ки воситаи муҳими таҳқиқи фаврии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда (ҲФ) мебошанд, амалӣ карда шуд. Тавсияҳои таҳияшуда оид ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ ҷорӣ намудани системаи мониторинги оперативӣ ва харитасозии минтақаҳои аз ин падидаҳо зарардидаро дар бар мегиранд.   Тасдиқ шудааст, ки онҳо барои кам кардани вақт, хароҷот ва хатарҳои дар маҳалли ҳодисаи фавқулодда ҳангоми кор барои ба даст овардани маълумоти баландсифат саҳмгузошта имкон медиҳанд қарорҳои фаврӣ барои бартараф кардани оқибатҳоро қабул карда шаванд.

Мақоларо муфассалтар дар шакли pdf хонед... 

TPL_BACKTOTOP