Лоиҳа:
Намоиши барнома барои мониторинги экосистемаҳои Тоҷикистон (мӯҳлат: 2022-2023)
Мақсади лоиҳа:
Чарогоҳҳо дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудаанд ва танҳо мушоҳидаҳои рӯизаминӣ барои тавсифи ҳама намуди экосистемаҳои чарогоҳҳо кофӣ нестанд. Дар якҷоягӣ бо таҳқиқоти саҳроӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин, инчунин бо истифода аз усулҳои зондкунии фосилавӣ - аксҳои моҳворагӣ, экосистемаҳои чарогоҳҳо таҳқиқ карда мешаванд, ки имкон медиҳад технологияи системаи ҳамгирошудаи мониторинг ва арзёбӣ дар асоси интегратсияи «зондкунии фосилавии кайҳонӣ – заминӣ» коркард карда шавад.
Лоиҳа:
«Омӯзиши хусусиятҳои биоэкологии растаниҳо, сохтор ва ҳосилнокии экосистемаҳои чарогоҳҳои минтақаҳои хушки Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим ва таъсири антропогенӣ» (мӯҳлати иҷро: 2018-2023)
Мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот
Мақсади лоиҳа муайян кардани дараҷаи тағйирёбии бойигарии намудҳо ва маҳсулнокии фитосенозҳои хоси экосистемаҳои алафии чарогоҳҳои хушки Тоҷикистон мебошад. Ҳадафҳои таҳқиқот:
-омӯзиши хусусиятҳои биологӣ ва экологии навъҳои асосии растанӣ дар фитосенозҳои гуногун ва шароити муҳити зист;
-муайян кардани дараҷаи тағйирёбии бойигарии намудҳо ва ҳосилнокии фитосенозҳои хос дар шароити гуногунии муҳити зист;
-омӯзиши таъсири нитрогени пошида ба сохтор ва функсияҳои экосистемаи чарогоҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Марказӣ;
-муайян кардани тагйирёбии боигарии намудҳо ва ҳосилнокии алафзор таҳти таъсири нуриҳои маъданӣ (N,Р);
-омӯхтани бойигарии намудҳо ва маҳсулнокии биологии растаниҳои лубиёгӣ дар фитосенозҳои нимсаваннаҳо дар шароити экологии гуногун.
Пойгоҳи Зидеҳ. Майдончаи таҷрибавӣ дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳӣ Ҳисор дар водии баландкӯҳӣ Зидеҳ, дар баландии 2500 метр аз сатхи баҳр воқеъ гардидааст. Иқлими минтақа континенталӣ бо тағирёбии назарраси ҳаррӯза ва мавсимии ҳарорат хос аст. Дар тирамоҳ, одатан дар миёнаи моҳи ноябр, баъзан ҳатто дар моҳи октябр барф меборад. Миқдори зиёди боришот, мувофиқи маълумотҳои чандинсолаи метеорологӣ, дар моҳҳои декабр-апрел, камтарини боришот дар моҳҳои июл-август дида мешавад. Боришоти умумӣ зиёд буда, ба ҳисоби миёна дар як сол 800 мм-ро ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво 10,4°С мебошад. Дар ин мавзеъ радиацияи офтобӣ хеле зиёд аст. Хоки ин мавзеъ қаҳваранги кӯҳии маъмулӣ буда, падидаи ҷинсҳои сангӣ ва сангрезаҳои хокию оҳаксангӣ доранд. Миқдори гумус дар қабати болоии хок 3.5-5.0% таҳкил медиҳад.
Навъи растаниҳои мавзеъ аз нимсаваннаи сералаф, ҷамоаи геранию юғанӣ (Prangos pabularia, Geranium collinum) ташкил ёфтааст. Юғанҳо – алафҳои сермаҳсули табиии хӯроки чорвои экосистемахои сералафи Помиру Олой мебошанд. Юған - хӯроки чорво (Prangos pabularia Lindl.) як растании бисёрсолаи поликарпӣ, алафӣ аз оилаи эфемероидҳо мебошад.