Мақолаи илмии корманди Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои география Гулаёзов Маҷид Шоназарович дар ҳаммуаллифӣ бо дигар олимон дар маҷаллаи байналмилалии Physics and Chemistry of the Earth (нашриёти Elsevier) ба нашр расид.
  Ин маҷалла дар радабандии пойгоҳи маълумоти Scopus ва Web of Science дар категорияи Q1 (квартили якум) ҷойгир буда, яке аз нашрияҳои бонуфузи соҳаи илмҳои Замин ва геофизика ба ҳисоб меравад.
  Мақола таҳти унвони «Multi-sensor remote sensing reconstruction of an earthquake-triggered landslide-dammed lake in the Pamir Mountains» ба омӯзиши кӯли сарбандие бахшида шудааст, ки бар асари заминларзаи Mw 6.9-и 23 феврали соли 2023 дар соҳили чапи дарёи Марғоб ташаккул ёфтааст. Ярчи баамаломада маҷрои дарёро баста, боиси ташаккули кӯл гардид.
  Олимон бо истифода аз маҷмӯи маълумоти зондкунии фосилавии Замин, аз ҷумла Sentinel-2 ва Pleiades-1A, моделҳои рақамии баландӣ (DEM) ва маълумоти ҳавопаймоҳои бесарнишин раванди ташаккул, афзоиш, вайроншавии қисмӣ ва ҳолати минбаъдаи кӯлро дар солҳои 2023–2025 таҳқиқ намуданд.
   Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки дар минтақа як силсилаи пайдарпайи равандҳои геоморфологӣ ва гидрологӣ, аз ҷумла басташавии маҷрои дарё, ташаккули кӯли сарбандӣ, вайроншавии қисмии сарбанд ва тағйирёбии шароити гидрологии поёноб ба амал омадааст.Ин натиҷаҳо аҳаммияти мониторинги мунтазам ва арзёбии равандҳои табиӣ дар минтақаҳои кӯҳиро нишон медиҳанд.
  Таҳқиқоти мазкур инчунин аҳаммияти истифодаи технологияҳои муосири зондкунии фосилавӣ ва маълумоти ҳавопаймоҳои бесарнишинро барои омӯзиши динамикаи кӯлҳои сарбандии табиӣ ва равандҳои марбут ба онҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ нишон медиҳад.
 
                                                                             
 
                                                                             
TPL_BACKTOTOP