13 сентябри соли 2023 иштирокчиёни Форуми якуми олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз намоишгоҳи дастовардҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) дидан карданд. Меҳмонон бо нигораҳо, асарҳои илмӣ ва дастовардҳои илмӣ-амалии олимони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Точикистон шинос шуданд. Ҳайати олимони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ инчунин бо фаъолияти илмию ташкилии Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) шиносои намуданд.
Кормандони илмии Марказ ба меҳмонон натиҷаҳои таҳқиқоти илмии худро, ки дар якҷоягӣ бо олимони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой дар соҳаҳои илми табиатшиносӣ, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, масъалаҳои омӯзишӣ захираҳои обӣ, васеъ истифода бурдани ҳавопаймоҳои бесарнишин дар таҳқиқотҳои илмӣ ва ғ. пешниҳод намуданд.