
- rceeca.tj
Имрӯз дар санаи 20.02.2023 дар толори АМИТ бо ибтикори ҲХДТ ва АМИТ Конференсияи илмӣ –назариявӣ дар мавзуи “ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об” баргузор шуд. Дар конференсия аъзои ҲХДТ, масъулин ва олимон иштирок намуданд.
Ҳамоишро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҷиҳати рӯз аз рӯз рӯоварии башар ба масъалаҳои об изҳори ақида намуд. Номбуда ташаббуси камназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати қатъномаи СММ оид ба соли ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 аз дастоварҳои сатҳи ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон донист.

- rceeca.tj
То соли 2050 беш аз панҷ миллиард нафар сокинони Замин ба ин ё он дараҷа ба норасоии об дучор хоҳанд шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар гузориши «Вазъи захираҳои обӣ дар ҷаҳон», ки 29 ноябри соли 2022 аз ҷониби Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) нашр гардид, гуфта шудааст.

- rceeca.tj
7-8 декабри соли 2022 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ, раиси Комиссияи миллии кишвар оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши СММ—об оид ба обҳои зеризаминӣ иштирок доранд.