- rceeca.tj
Аз 29 августи то 2 сентябри соли 2025 кормандони Марказ вазъи пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхиро дар ҳавзаи дарёи Сурхоб мавриди таҳқиқу назорат қарор доданд. Дар ҷараёни таҳқиқоти саҳроӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин қисми забонаи пиряхи Саид Нафисӣ, ки дар он чанд кӯли хурди пиряхӣ ҷойгиранд, аксбардорӣ карда шуд. Кӯлҳои пиряхӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд.
- rceeca.tj
Аз 26 июл то 9 августи соли 2025, гурӯҳи муштараки илмӣ аз Маркази таҳқиқоти экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ ва Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой экспедитсияи илмии мукаммали худро дар пуштакӯҳи Помир баргузор намуд.
- rceeca.tj
21 июли соли 2025 дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва Муовини вазири Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷаноби CHEN JIACHANG ифтиҳтоҳи расмии озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ дар доираи ташаббуси “Камарбанд – Роҳ” баргузор гардид. Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи муштарак ҳамчунин ҳайати намояндагони Вазорати илм ва технологияи ҶХХ ноибони президент, саркотиби илмӣ ва директорони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
- rceeca.tj
30 майи соли 2025 дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мулоқоти муҳими корӣ байни директори Генералии Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой, профессор Чжан Юанмин ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ баргузор гардид.